Санаи 10 апрели соли 2025 дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи бойгонӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Саридораи бойгонӣ, аъзоёни ҳайати мушовара, директорони бойгониҳо ва мудирони бахшҳои бойгониҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа аз фаъолияти Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои нимсола гузошта шуд. Дар фарҷоми ҷаласа як қатор кормандони Саридораи бойгонӣ ва муассисаҳои тобеи он аз ҷониби сардори Саридораи бойгонӣ бо ифтихорномаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.