35 ҚАДАМ БА СӮИ РУШД: САҲМИ ГЕОЛОГҲО ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
35 ҚАДАМ БА СӮИ РУШД: САҲМИ ГЕОЛОГҲО ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Дар саҳни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси якҷояи бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарият ва кормандони Саридораи геология, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони соҳа ва меҳмонони арҷманд иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар фазои баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардид. Дар оғози он иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои даврони истиқлол, ки аз ҷониби корхонаҳои зерсохтори Саридора ташкил гардида буд, боздид намуда, бо фаъолияти онҳо, маҳсулоти истеҳсолӣ, техникаи муосир ва натиҷаҳои бадастомада дар самтҳои гуногун шинос шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода сухан намуда, роҳбарият ва кормандони соҳа, собиқадорон ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва пояи асосии давлатдории миллӣ буда, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум имкониятҳои васеъ фароҳам омаданд.
Сипас, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои кишвар дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ибрози назар намуд.
Таъкид шуд, ки маҳз дар заминаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ки бо сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат таҳким ёфтанд, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи устувор фароҳам гардид.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода оид ба дастовардҳои соҳаи геология дар даврони истиқлол сухан карда, саҳми мутахассисони соҳа дар омӯзиш, ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои рушди саноати кишварро таъкид кард.
Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи геология, густариши корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯӣ, омӯзиши захираҳои табиӣ ва муайян намудани иқтидори ашёи хоми маъдании кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, фаъолияти геологҳо дар ин самт пайваста тақвият меёбад.
Дар чорабинӣ ба нақши ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дилноза Маъруфзода, намояндаи ҷавонони даврони истиқлол, оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, имкониятҳои фароҳамгардида барои насли ҷавон ва дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол нақши муҳим дошта, идомадиҳандаи корҳои созандаву бунёдкоронаи наслҳои имрӯз мебошанд.
Дар идома барои саҳми арзанда дар рушди соҳа, фаъолияти самаранок ва меҳнати содиқона як қатор кормандон бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар ва ҷавонони соҳибистеъдод идома ёфт. Сурудҳои ватандӯстона дар васфи Ватан, Истиқлол, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшида, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Саридораи геология ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳӣ ба як маҳфили муҳими идона ва ватандӯстона табдил ёфта, эҳсоси ифтихор аз Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро боз ҳам таҳким бахшид.
Маркази матбуот