ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ - КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР ГАРДИД
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ - КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР ГАРДИД
20-уми август бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сархати рӯзномаи ҷаҳонӣ: аз обу иқлим то оини сулҳофарӣ» баргузор гардид.
Конфронс ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар конфронс олимону коршиносон иштирок намуда, доир ба аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
Зимни конфронс дар мавзуъҳои «Арзёбии ҳадафҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти обу иқлим», «Дипломатияи об ва фарҳанги сулҳ: ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонӣ», «Канданиҳои фоиданок ва саҳми соҳаи кӯҳкорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ», «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои обӣ ва геологии Тоҷикистон» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист бо соҳаҳои геология ва кӯҳкорӣ робитаи мустақим доранд. Омӯзиши сохтори геологӣ, захираҳои обҳои зеризаминӣ, пиряхҳо ва канданиҳои фоиданок барои истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор аҳаммияти муҳим дорад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор дорои захираҳои бузурги обӣ ва зеризаминӣ буда, таҳқиқоти геологӣ дар омӯзиш ва ҳифзи онҳо нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон, рушди соҳаи кӯҳкорӣ бояд бо риояи талаботи экологӣ ва меъёрҳои бехатарии истеҳсолӣ амалӣ гардад.
Иштироккунандагон ҳамчунин масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар мониторинги захираҳои табииро баррасӣ намуданд.
Дар бахши дигари конфронс масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳофарӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи ҳалли низоъ тавассути музокира ва ҳамдигарфаҳмӣ арзёбӣ гардид.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва сулҳу субот аҳаммияти байналмилалӣ дошта, рушди илмҳои геологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим доранд.
Маркази матбуот