РАҚАМИКУНОНИИ СОҲА-ТАЛАБИ ЗАМОН
Соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ яке аз бахшҳои ҳаётан муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир мавқеи муҳим ва устуворро касб намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шурои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, тазаккур доданд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд».
Хушбахтона, дар айни ҳол дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои зерсохтори он ҳангоми иҷрои корҳои геологии саҳроӣ, таҳияи лоиҳаву ҳисоботи геологӣ аз барномаҳои муосири компютерӣ васеъ истифода мебаранд. Бо истифода аз технологияҳои муосир рақамикунонии харитаи геологии гуногунмиқёс бо базаи маълумоти конҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхабардорӣ ва ба шакли электронӣ гардонидани шиносномаҳои конҳои канданиҳои фоиданок, сохтани базаи иттилоотӣ барои харитаҳои гидрогеологии гуногунмиқёс тартиб додани харитаҳои канданиҳои фоиданоки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба анҷом расидаанд.
Тавре Файзулло Махкамов, сардори Фонди давлатии маълумоти геологӣ иброз намуд, беш аз панҷ сол аст, ки ҳисоботи натиҷаҳои корҳои омӯзиши геологӣ пас аз баррасӣ ва тасдиқ барои нигоҳдорӣ ба фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замин дар шакли электронӣ қабул карда мешавад.
Дар доираи амалишавии бандҳои «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» барои фонд дастгоҳҳои замонавии рақамӣ харид карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон фонди давлатии геологӣ зиёда аз 300 ҳуҷҷат, аз ҷумла дархостҳо, протоколҳо, ҳисоботу лоиҳаҳо ва маълумотномаҳоро ба қайди давлатӣ гирифтааст.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ кормандони фонди давлатии геологӣ ба тавозуни давлатии захираи канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти ҳисоботи шаклҳои 5-кк ва 6 -кк барои соли 2025 пешниҳодшударо ворид намуда, бақайдгирии протоколҳои Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ҳисоботи корҳои иктишофи геологӣ ва шиносномаҳо ба вобаста мавзеи корӣ, бақайдгирии давлатии корҳои иктишофи геологӣ дар шакли 3-кк-ро таҳлил ва ба қайд гирифтанд.
Маълумотномаҳо (маълумоти мухтасар) оид ба омўзиши геологии конҳо ва қитъаҳои қаъри заминро тибқи супоришҳо ва дархостҳо омода карда, ҷамъбаст ва таҳлили ҳамаи навъҳои корҳои геологӣ, геофизикӣ, гидрогеологӣ, муҳандисӣ-геологӣ аз рўи стандарти соҳавиро ба ҳисобгирии давлатӣ гирифтанд.
Бо ҳисоботи омории шаклҳои 5-кк ва 6 – кк аз тарафи истифодабарандагони қаъри замин, бо дархостҳои ҷамъияту корхонаҳо ва шаҳрвандони инфиродӣ, ки дорои иҷозатномаи истихроҷ ва омўзиши геологии кону зуҳурот мебошанд ва пешниҳоди нусхаи электронии маводи геологӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рақамикунонии тавозуни давлатии шаклҳои 5 ва 6 кк барои ворид намудан ба системаи ягонаи электронӣ корбарӣ намуданд.
Ҳамчунин, корҳои санитарию ҷобаҷокунӣ, муқаррар намудани шумора, ҷудо кардан ва таъмир намудани маводи фарсудашудаи бойгонии фонд гузаронида шуд.
Бино ба андешаи Файзулло Махкамов, гузаштан ба технологияи компютерӣ барои ба даст овардани маълумоти саҳеҳу фаврии геологӣ ва фарогирии пурраи нишондиҳандаҳои омории соҳаи геология имконият фароҳам меоварад ва он ба вусъатбахшии раванди татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат хоҳад намуд.
Бояд зикр кард, ки имрӯз рақамикунонии босуръат ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири амиқ мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба самти гузариш ба модели рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияро интихоб намуда, онро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба меҳвари сиёсати давлат ҷойгир намуда, қадамҳои устувор мегузорад. Дар назар аст, ки дар оянда бо таҳким, рушд ва вусъатёбии иқтисоди рақамӣ мо ба беҳтаршавии мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалӣ, дастрасии аҳолӣ ва хоҷагиҳо ба интернети фарохмавҷу мобилӣ, болоравии сифати хизматрасонии рақамӣ, афзоиши ҳиссаи хизматрасонӣ дар шакли рақамӣ, миқдори ҷойҳои нави кории дар бахши рақамӣ таъсисшуда ва инчунин ба маҷмуи дигар нишондиҳандаҳои мақсаднок мерасем.
Дар натиҷаи пурра амалӣ гардидани Нақшаи амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок таъмин шуда, эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ қонеъ карда мешавад.
Маркази матбуот