БАҲРИ БЕКАНОРИ ИЛМ
Ба ёди устоди гиромӣ Абдураҳим Қориев
Ҳастанд шахсиятҳое, ки умри худро на танҳо ба пешаи дӯстдоштаашон, балки ба рушди як соҳаи муҳимми илм мебахшанд ва бо осори илмӣ, мактаби омӯзгорӣ ва тарбияи шогирдон номи худро дар таърихи миллат ҷовидона месозанд. Барои мо – шогирдон, Абдураҳим Расулович Қориев маҳз аз ҳамин зумра олимони фарзона буд.
Агар умр вафо мекард, имрӯз, 3-юми август устоди арҷманд, олими маъруфи тоҷик, мутахассиси варзидаи соҳаи литология ва геологияи нафт, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Абдураҳим Қориев ба синни мубораки 90 қадам мениҳоданд. Гарчанде устод имрӯз миёни мо нестанд, аммо мероси илмиву маънавии эшон, осори арзишманд ва шогирдони сершуморашон номи некашонро зинда нигоҳ медоранд. Устод Қориев аз ҷумлаи он олимоне буданд, ки тамоми фаъолияти худро ба омӯзиши сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон бахшида, дар рушди геологияи миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Аз солҳои аввали фаъолияти илмӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то охирин рӯзҳои фаъолияти омӯзгорӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқати илмӣ, омӯзиши равандҳои геологӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибтахассус қарор доштанд. Таҳқиқоти илмии устод бештар ба омӯзиши литология, геологияи нафт, таҳшинҳои мезозой ва кайнозой, таҳлили форматсияҳои таҳшинӣ ва масъалаҳои палеогеография бахшида шуда буд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот маълумоти арзишманди илмӣ оид ба сохтори геологии Тоҷикистон ба даст омад, ки то имрӯз барои корҳои ҷустуҷӯию иктишофии геологӣ ва арзёбии дурнамои нафту газ аҳаммияти худро нигоҳ доштааст.
Яке аз хизматҳои бузурги устод дар он буд, ки илми назариявиро бо истеҳсолот пайваст менамуданд. Ӯ бар он ақида буданд, ки натиҷаи ҳар як таҳқиқоти илмӣ бояд ба манфиати рушди иқтисоди миллӣ хизмат кунад. Аз ҳамин нигоҳ, дар таҳияи тавсияҳои илмӣ барои ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, таҳқиқи форматсияҳои таҳшинӣ ва арзёбии дурнамои ҳавзаҳои нафту газнок саҳми арзанда гузоштанд. Хизматҳои устод танҳо бо омӯзиши геологияи нафт маҳдуд нашуда, дар солҳои истиқлол, вақте масъалаи истифодаи самараноки сарватҳои дохилии кишвар аҳаммияти бештар пайдо кард, устод Қориев ба омӯзиши гилҳои бентонитӣ рӯ оварда, яке аз асосгузорони таҳқиқоти илмии ин самт гардиданд.
Бо роҳбарии ӯ ва ҳамкоронаш дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 30 захира ва кони ашёи хоми бентонит муайян гардида, барои истифодаи онҳо дар тақрибан 20 соҳаи хоҷагии халқ асосноккунии илмӣ пешниҳод шуд. Имрӯз истифодаи бентонит дар саноат, нассоҷӣ, кишоварзӣ, растанипарварӣ, рехтагарӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ ва ҳатто тибби табобатӣ то андозае маҳз бо талошҳои ҳамин олим ва ҳамкоронаш алоқаманд аст. Маҳсули фаъолияти бисёрсолаи устод даҳҳо мақолаҳои илмӣ, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ ва тавсияҳои истеҳсолӣ мебошанд. Асарҳои ӯ дар байни геологон ҳамчун сарчашмаи боэътимоди илмӣ эътироф гардида, барои омӯзиши литология ва геологияи Тоҷикистон аҳаммияти калон доранд.
Аммо бузургии устод танҳо дар корҳои илмӣ набуда, ӯ, пеш аз ҳама, омӯзгори ҳақиқӣ буданд. Қариб се даҳсола дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва баъдан дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур садҳо муҳандисону геологонро тарбия намуданд. Дарсҳои устод ба донишҳои назариявӣ маҳдуд набуда, дар заминаи таҷрибаи ғании саҳроӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти амалии чандинсолаи ӯ дар соҳаи геология асос ёфта буданд. Ҳангоми вохӯриҳо ва суҳбатҳои илмӣ устод ҳамеша таъкид менамуданд, ки геолог бояд бо табиат муносибати эҳтиромона дошта, ҳар як ҷинси кӯҳӣ ва падидаи табииро ҳамчун нишонаи таърихи тӯлонии ташаккули Замин омӯзад. Ин андешаҳои устод барои мо на танҳо дастури касбӣ, балки роҳнамои маънавӣ дар зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ гардиданд. Устод бо донишҷӯён муносибати самимӣ доштанд. Ҳар шогирдро ташвиқ мекарданд, ки мустақилона фикр кунад, савол диҳад ва роҳи илмро бо меҳнату ҷустуҷӯи пайваста идома диҳад. Барои онҳо тарбияи инсон аз омӯзиши фан муҳимтар буд.
Яке аз ташаббусҳои ҷолиби устод роҳбарӣ ба маҳфили «Дӯстдорони геология» буд. Ҳадафи асосии фаъолияти ин маҳфилро А. Қориев дар баланд бардоштани шавқу ҳавас ба илми геология, омӯзиш ва дарки моҳияти равандҳои гуногуни табиӣ, аз қабили заминларзаҳо, обхезиҳо, падидаҳои вулқонӣ, тағйирёбии иқлим, пайдоиши фурӯравиҳо ва ярчҳо, инчунин шиносоӣ бо сарватҳои қаъри замин медонист. Маҳз тавассути ҳамин маҳфил бисёр ҷавонон бори аввал бо олами пуррамзи геология ошно шуда, баъдан роҳи илмро интихоб карданд. Экспедитсияҳо, машғулиятҳои саҳроӣ ва вохӯриҳои илмӣ, ки бо роҳбарии устод баргузор мешуданд, барои ҳар як иштироккунанда як мактаби воқеии омӯзиш ба ҳисоб мерафтанд.
Абдураҳим Қориев дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ масъулияти баланди котиби илмии Институт ва баъдан муовини директор оид ба илмро низ бо садоқат иҷро намуданд. Ҳамкорон ӯро ҳамчун инсони хоксор, масъулиятшинос, донишманд ва адолатпарвар мешинохтанд. Барои мо, шогирдон, устод намунаи олими ҳақиқӣ буданд. Ӯ ҳаргиз аз омӯхтан боз намеистоданд, ҳамеша китоб мехонданд, таҳқиқ мекарданд ва моро низ ба омӯзиши пайваста ҳидоят менамуданд. Бо вуҷуди дастовардҳои бузурги илмӣ, шахсияти бисёр фурӯтан буданд ва ҳар муваффақияти шогирдро аз дастоварди худ болотар медонистанд.
Имрӯз, вақте ба фаъолияти пурбаракати устод назар меафканем, бо ифтихор эҳсос мекунем, ки мероси илмию омӯзгории ӯ барои наслҳои ояндаи геологон хизмат хоҳад кард. Осори илмии эшон, шогирдони тарбиякарда ва саҳми арзандаашон дар рушди геологияи Тоҷикистон беҳтарин ёдгори зиндагии пуршарафи ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад.
Ёди неки устод Абдураҳим Қориев ҳамеша дар қалби мо боқӣ хоҳад монд. Мо, шогирдонаш, худро вазифадор медонем, ки роҳи илмии ӯро идома дода, дар рушди геологияи тоҷик ва ҳифзи мактаби илмии устод саҳми арзандаи худро гузорем.
Рӯҳашон шод ва номи некашон ҷовидон бод!
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода