ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
7-уми июли соли 2026 дар толори калони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Қудратулло нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти Саридораи геология дар шашмоҳаи аввали соли 2026 мухтасар ҳисобот пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 Саридораи геология омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» амалӣ намуд. Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ корҳои омӯзиши геологӣ аз рӯи 30 лоиҳаи омӯзиши геологӣ ва 7 лоиҳаи нигоҳдорӣ ба маблағи 8 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ анҷом дода шуданд. Корҳо дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо ва нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, инчунин дар самтҳои гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар соли ҷашнӣ сатҳи иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ба 96,4 фоиз расонида шуд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ 9 объекти нави барнома мавриди лоиҳакашӣ қарор гирифтанд. Ба онҳо корҳои ҷустуҷӯӣ ва арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Барзангии Калон, майдони маъдании мису никели Ғумас, майдони маъдании Пшарти Ғарбӣ – Сасик, зуҳуроти гранати Питуп, зуҳуроти мису оҳани Сангибек, зуҳуроти тиллои Ҳазора, инчунин корҳои иктишофи магнитии миқёсҳои 1:10000 ва 1:2000 дар майдони маъдании Ҷӯироз дохил мешаванд.
Дар идома намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», «СССР», радиоҳои «Тоҷикистон», «Ховар», «Овози тоҷик» ва «Озодӣ», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Душанбе», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Илм ва табиат», инчунин бунгоҳи хабарии ТАСС, агентиҳои иттилоотии «Азия-Плюс» ва «Спутник», маҷаллаи «Истиқлол», рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Фараж», «Время и Деньги» ва дигар воситаҳои ахбори омма вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар соҳаи геология, иҷрои корҳои иктишофию геологӣ, татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030», баҳисобгирии захираҳои канданиҳои фоиданок, шумораи конҳо, омӯзиши обҳои зеризаминӣ, таҳқиқи равандҳои геологӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, кашф ва омӯзиши конҳои тилло, сурма, литий, захираҳои нафту газ, инчунин омӯзиши геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ саволҳо пешниҳод намуданд.
Ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби роҳбарияти Саридора ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ инчунин муовини якум ва муовини сардори Саридора, раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, директори Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказии Саридора иштирок намуданд.