ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҶАҲОНИШАВИИ ТАШАББУСИ НАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА СУЛҲ
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҶАҲОНИШАВИИ ТАШАББУСИ НАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА СУЛҲ
Ба ифтихори истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва қабули Қатъномаи нав аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва кулли кормандони саридора дар чорабинии Боғи фарҳангию фароғатии Парчами давлатӣ фаъолона иштирок карданд.
Басо рамзӣ ва мояи ифтихор аст, ки дар остонаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии амиқ ёфта, қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул гардид.
Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо талош варзанд.
Ин аз як ҷиҳат, бори дигар, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯю нуфузи баланди сиёсӣ бархӯрдор будани Сарвари давлати моро нишон дода, аз дигар ҷиҳат шаҳодати ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии ин абармарди сиёсат ҳамеша саривақтӣ ва мубрам буда, барои рафъи мушкилиҳои глобалӣ равона шуда, ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми тамоми сайёраи Замин бармехӯранд.
Маркази матбуот