ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити ҷаҳонишавии муосир масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсиву иҷтимоӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз табдил ёфтааст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои хатарноки асри XXI ба амнияти давлатҳо ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ин таҳдидҳо дар канор нест. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи сабабҳо, хусусиятҳо ва роҳҳои пешгирии ин падидаҳо аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад.
Терроризм (аз калимаи лотинии "terror" — тарс, ваҳм) истифодаи зӯроварӣ ва таҳдид бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. Экстремизм бошад, фаъолияти ифротгароёнаест, ки ба рад кардани меъёрҳои эътирофшудаи иҷтимоӣ ва таблиғи ақидаҳои тундравона равона шудааст.
Тибқи таҳқиқоти олимон, ин ду падида бо ҳам алоқаманд буда, экстремизм ҳамчун заминаи идеологӣ ва терроризм ҳамчун шакли амалии он баромад мекунад (Hoffman, 2006).
Сабабҳои пайдоиш ва густариши экстремизм гунонгунанд. Якум, омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошанд. Яъне фақр, бекорӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ метавонанд муҳити мусоид барои паҳншавии ғояҳои ифротгаро фароҳам оваранд. Тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сатҳи баланди бекорӣ дар байни ҷавонон бо афзоиши хавфи радикализатсия алоқаманд аст. (World Bank,)
Дигар, омилҳои идеологӣ ва динӣ мебошанд. Яъне фаҳмиши нодурусти таълимоти динӣ ва паҳншавии фанатизм яке аз сабабҳои асосии экстремизм мебошад. Roy (2004) таъкид мекунад, ки радикализми муосир бештар ба таҳриф ва соддагардонии арзишҳои динӣ асос меёбад.
Сеюм, омилҳои сиёсианд. Яъне беадолатӣ, маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва набудани иштироки фаъол дар идоракунии давлат метавонанд эҳсоси норозигиро ба вуҷуд оранд.
Нақши технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Дар асри рақамӣ интернет ба воситаи асосии паҳншавии идеологияҳои ифротгаро табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, ҷавононро ҷалб кунанд, таблиғоти равонӣ баранд, шабакаҳои пӯшида ташкил кунанд.
Weimann (2015) қайд мекунад, ки “терроризми рақамӣ” яке аз хатарҳои асосии амнияти муосир мебошад.
Терроризм ба ҷомеа таъсири бисёрҷанба мерасонад:
- сиёсӣ: суст шудани давлатдорӣ;
- иқтисодӣ: коҳиши сармоягузорӣ;
- иҷтимоӣ: афзоиши тарс ва ноустуворӣ;
- инсонӣ: талафоти ҷонӣ.
Мисолҳои кишварҳои ҷангзада нишон медиҳанд, ки терроризм метавонад рушди даҳсолаҳои як давлатро аз байн барад.
Барои Тоҷикистон омилҳои зерин муҳим мебошанд:
-ҳиссаи зиёди ҷавонон дар аҳолӣ;
-муҳоҷирати меҳнатӣ;
- таъсири иттилооти беруна.
Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дур будан аз муҳити иҷтимоии устувор метавонад эҳтимоли ҷалби ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро зиёд намояд.
Барои муборизаи самаранок бо терроризм танҳо як роҳ ё як ниҳод кофӣ нест, ин раванд ҳамкории ҳамаҷонибаи давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро талаб мекунад. Муҳим он аст, ки на танҳо бо оқибатҳо, балки бо сабабҳои аслии он мубориза бурда шавад.
Яке аз роҳҳои муассир ин дониш аст. Ҷавонон бояд омӯзанд, то ҳар иттилоотро таҳлил кунанд, фарқ байни ҳақиқат ва таблиғоти бардурӯғро дарк намоянд , фаҳмиши дурусти дин ва арзишҳои инсонӣ дошта бошанд. Шахси босавод камтар ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро меафтад.
Ҷавонон гурӯҳи осебпазир мебошанд. Падару модарон бояд назорат кунанд ва он бояд доимӣ бошад. Омӯзгорон бояд на танҳо илм, балки ахлоқро омӯзонанд. Ҷавонон бояд ҳадафи равшани зиндагӣ дошта бошанд. Мисол, ҷавоне, ки машғули таҳсил ё касб аст, камтар ба гурӯҳҳои хатарнок ҷалб мешавад.
Фақр ва бекорӣ заминаи радикализатсия мебошанд. Дар ин раванд чунин омилҳо заруранд: рушди иқтисод, дастгирии соҳибкории ҷавонон, фароҳам овардани ҷойҳои кор. Ин ҳама эҳсоси ноумедиро кам мекунад.
Қонун ва амният дар пешгирии терорризм аҳаммияти муҳим дорад.
- таҳкими қонунгузор;
-фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- пешгирии гурӯҳҳои ифротгаро.
Аммо танҳо қувва кофӣ нест, он бояд бо маърифат ҳамроҳ бошад. Ҳамкории ҷомеа бо оила ва мактабу давлат муборизаи дастаҷамъона бо терроризм аст. Ҳама бояд як ҳадаф дошта бошанд: ҳифзи амният ва субот.
Хулоса, терроризм ва экстремизм падидаҳои мураккаб ва бисёрҷанба мебошанд, ки аз омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ сарчашма мегиранд. Барои муборизаи самаранок, зарур аст, ки на танҳо бо оқибатҳои онҳо, балки бо сабабҳои аслии онҳо мубориза бурда шавад. Танҳо дар ин сурат метавон суботи ҷомеа ва амнияти миллиро таъмин намуд.
Хазонгул Айдимаҳмадова,
сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва
назорати Саридораи геология,
магистранти Мактаби
давлатдории Эмомалӣ Раҳмон