ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ
25-уми июн ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология бо иштироки Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, муовини раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода ва ходими калони илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Зубайдулло ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласа ходимони давлатӣ, собиқадорони соҳа ва меҳмонон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр гардид, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни муқаддас рамзи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва сарҷамъии миллат мебошад. Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳ, созандагӣ ва рушди устуворро интихоб намуда, пояҳои давлатдории миллии худро устувор намояд. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист марҳилаи нави давлатсозиро оғоз намояд. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки сулҳу суботи комил, ҳамдигарфаҳмии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ асоси тамоми пешрафтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ташкил медиҳанд.
Дар натиҷаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва татбиқи сиёсати давлат, дар кишвар инфрасохтор рушд ёфт, роҳҳо, нерӯгоҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ бунёд гардиданд, сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардид ва заминаи устувори рушди иқтисоди миллӣ фароҳам оварда шуд. Давлатдории ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устувор тақвият ёфт.
Бояд зикр намуд, ки рушди соҳаи геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси сиёсати давлатӣ ва барномаҳои стратегии Ҳукумати кишвар ба роҳ монда шудааст, ки самараи ваҳдати сартосарӣ дониста мешаванд. Корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ дар самти канданиҳои фоиданок вусъати ҷиддӣ ёфта, як қатор конҳои нави маъданӣ ва манбаъҳои ашёи хом ошкор ва арзёбӣ гардидаанд. Ин дастовардҳо барои рушди саноати миллӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини иқтисоди кишвар бо ашёи хоми дохилӣ аҳаммияти бузург доранд.
Зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ нотиқон перомуни ваҳдату ягонагӣ, суботи сартосарӣ ва аҳаммияти ин неъмати бузург дар пойдории давлатдории миллӣ ибрози андеша карданд.
Маркази матбуот