8-уми май дар доираи Нақшаи омӯзиши идоравӣ барои кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори саридора дар мавзуи “Шарҳи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357), эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти давлатӣ” бо иштироки сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ - таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Сайнозимзода хониши идоравӣ доир карда шуд.
Муовини сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба мубрамияти мавзуъ ва моҳияти Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 суҳбат намуд.
Зикр гардид, ки таъмини муносиби ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Асоси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намудан ва кафолати амалисозии онҳо ташкил медиҳад, ки бевосита дар моддаи 14-и Конститутсия муқаррар карда шудааст. Тибқи моддаи мазкур ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Вобаста ба мавзуи хониши идоравӣ сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ - таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Сайнозимзода ибрози андеша кард.
Гуфта шуд, ки Мувофиқи моддаи 5-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ унсури муҳимми давлати демократию ҳуқуқбунёд ва падидаи аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Бо қабул гардидани Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор тарҳрезӣ гардида, инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш ҳамчун бузургтарин арзишҳо шинохта шуданд. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ва қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода наёфта бошанд, онҳо самти татбиқи худро гум мекунанд. Ғайр аз ин, ҳолатҳое, ки дар Конститутсия оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфтаанд ва кафолат дода шудаанд, инкишофи худро дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онҳо муайян карда мешавад. Масалан, тартиби иҷрои ҳуқуқи инсон ба меҳнат, таҳсил ва ҳифзи саломатӣ дар қонунгузории соҳаи меҳнат, тандурустӣ ва маориф нишон дода шудаанд, ки риояи он ҳатмӣ мебошад.
Дар хониши идоравӣ кормандони Дастгоҳи марказии Саридораи геология, роҳбарият ва кормандони Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ», КВДҶ «Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ», КВ «Экспедитсияи љустуљўию аксбардории геологї», КВ “Экспедитсияи иктишофи геологии Помир”, КВ “Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ”, ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», ҶСК «Экспедитсияи геофизикӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», МД рӯзномаи “Ганҷ” ва МД “Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо” иштирок карданд.
Дар охир мавзуи матраҳгардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ташкили хонишҳои идоравӣ вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа дар Саридораи геология идома доранд.
Маркази матбуот