Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологи
Замимаи 5
Бо фармоиши сардори Саридораи
геологияи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 13 » апрели соли 2026
№ 19-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб: мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб мебошад.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори сардори шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мутахассиси пешбари шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геология бо дастрасии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва
фонди иттилооти геологӣ
- Мутахассиси пешбари шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
-дигар талаботҳои муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар фаъолияти шуъба ташкил ва таъмин менамояд;
- қуҷатгузориро дар шуъба пеш мебарад. Қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории қисмҳои геологию методии лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводҳои геологиро иҷро менамояд. Саривақт супоридани онҳоро ба шуъба, аз ҷониби экспидитсияҳо назорат мекунад;
-қоидаҳои баҳисобгирӣ ва нигоҳдории маводҳои геологиро риоя мекунад;
- мутахассиси пешбари шуъба ба сардори шуъба итоат мекунад;
- дар ҳолати набудани сардори шуъба ва сармутахассиси шуъба кори шуъбаро пеш мебарад.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- Мутахассиси пешбар дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятхое, ки мувофики конунҳои Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Мутахассиси пешбари шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи конунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба мутахассиси пешбар бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи он супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мазкур мегарданд, дастурамал аз нав таҳия ва аз ҷониби сардори Саридораи геология тасдиқ карда мешавад.