Замимаи 7
Бо фармоиши сардори
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 13 » апрели соли 2026
№24-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии мутахассиси шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси шуъбаи геология
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таҳсилоти олии геологӣ;
-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
-дигар талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаи геология
- ҳуҷҷатгузориро дар шуъба мебарад;
- қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории қисмҳои геологию методии лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводҳои геологиро иҷро менамояд;
- саривақт супоридани маводҳоро ба шуъба аз ҷониби корхонаҳо назорат мекунад;
- қоидаҳои баҳисобгирӣ ва нигоҳдории маводҳои геологиро риоя мекунад.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси шуъбаи геология
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридораи геология қарордоштаро омӯзад;
- доир ба гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ бо вайронкунии талаботҳои усули муқаррарнамуда, дастурамалҳои соҳавии амалкунанда, тавсияҳо, фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ гузаронидашавандаро ба сардори шуъба маълумот пешниҳод намояд;
- бо розигии сардори шуъба, шуъбаро дар муносибат бо дигар ташкилотҳои низоми Саридораи геология намояндагӣ кунад;
- мутахассиси шуъбаи геология дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси шуъбаи геология
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофики қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ