Дастурамали мутахассиси шӯъбаи захирахои сӯзишвори
Замимаи 5
Бо фармоиши сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 13 » апрели соли 2026
№ 21-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии мутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб: мутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб мебошад.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ тобеъ ва хисоботдиҳанда мебошад.
- Мутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мутахассиси шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геология бо дастрасии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи
захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Мутахассиси шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мавҷудияти дониш ва банақшагирии раванди кор;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба рох мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
- дигар талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаи шуъбаи
захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Мутахассиси шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- дар кори комиссия, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласа, машварат, семинар ва дигар чорабиниҳои Саридора иштирок менамояд;
- аз ташкилотҳои тобеи пешниҳоди лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва иттилооти даврии геологиро дар мўҳлатҳои муқаррарнамуда талаб кунад;
- пешбурди ҳисоби ҳаракати захираҳои кандании фоиданоки ангиштро дар асоси “Дастурамал оид баҳисобгирии захираҳои канданиҳои фоиданок ва таҳияи ҳисоботи тавозунӣ дар шаклҳои 5-кк (ангишт) ва 6-кк;
- қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории қисмҳои геологию методии лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводҳои геологиро иҷро менамояд.
Дигар ваколатҳои шӯъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовинони ӯро иҷро менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси шуъбаи
захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Мутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро меомӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида иқрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб менамояд;
- шуъбаро дар муносибат бо дигар ташкилотҳои низомии Саридораи геология намояндагӣ мекунад.
- Мутахассиси шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси шуъбаи
захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
- Мутахассиси шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми мехнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Мутахассиси шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансаби вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 5. Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба мутахассиси шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии Дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи он супорида мешавад.
12. Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мазкур мегарданд, дастурамал аз нав таҳия ва аз ҷониби сардори Саридораи геология тасдиқ карда мешавад.