Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаву фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ ва тарғиби либоси миллӣ, бо иштироки бонувону ҷавондухтарони Саридораи геология аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ва «Сайри гули лола» доир гардид.
Аксияи мазкур бо мақсади эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангии миллӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ, ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи диёр, эҳё ва ҳифзи анъанаҳои неки аҷдодӣ, инчунин пешгирии тамоюли бегонапарастӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ин рӯз, ҷавондухтарон бо либосҳои миллӣ ба боғу гулгашҳо ба сайру гашт баромада, барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Дар ҳақиқат, либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард! Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.
Маркази матбуот