10-уми апрели соли равон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Умарова ва бонувону ҷавондухтарони саридора омӯзиши идоравӣ вобаста ба “Шарҳи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 (қарори қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167) ва таъмини баробарии гендерӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки ҳадафи асосии Стратегия аз фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ ва кофӣ барои ба пуррагӣ нишон додани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлат иборат мебошад.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ноил гаштан ба рушди устувор дар кишвар бидуни бартараф намудани нобаробарии гендерӣ, васеъ намудани имкониятҳои занон барои истифодаи ҳуқуқҳои худ, таъмини баробарии гендерӣ, бартараф намудани сабабҳои асосии ҳуқуқмаҳдудкунии гендерӣ имконнопазир аст.
Гулҷаҳон Умарова инчунин, дар бораи рафти татбиқи стратегияи мазкур ва натиҷаҳои бадастомада маълумот пешниҳод кард.
Дар фарҷом миёни иштироккунандагон саволу ҷавоб сурат гирифта, бонувони саридора аз масъалаҳои матраҳгардида барои таҳким ва такмили донишҳои касбию сиёсӣ баҳравар гардиданд.