Ҳамкорони азиз,
Бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми озодаву худшиноси Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз табрику таҳният гуфта, ба якояки шумо табъи хуши баҳориву руҳи бешикасти наврӯзӣ таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақоми Наврӯз дар тамаддуни тоҷикон хеле дақиқ таъкид кардаанд, ки: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».
Дарвоқеъ, Наврӯз бузургтарин рӯйдоди фарҳангӣ ва ҷашни миллии мост. Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ ва ҳувиятсозӣ буда, дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун рӯзи нав, рӯзгори нав, рӯзи шодмонӣ, рӯзи инсофу адолат, рӯзи баробарию бародарӣ, рӯзи созиш ва бахшиш мебошад. Ин хусусиятҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҷашни ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандӣ, худогоҳӣ ва худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят кардааст. Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад.
Зикр намудан лозим аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масоили мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ба ҷанбаҳои худшиносӣ ва ҳифзи асолати таърихию арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, ду пешниҳоди муҳим ва ниҳоят мубрам барои равандҳои фарҳангиву маънавии ҷомеаи имрӯзаи моро баён намуданд, ки таъсиси Конуни Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе мебошад. Ин, пеш аз ҳама, дар равандҳои пуртаззоди замони ҷаҳонишавӣ он барои ҳифзи асолати миллӣ ва мустаҳкам намудани хотираи таърихии мардум равона шудааст.
Воқеан, таҳлилҳо ва пажуҳишҳои гуногуни илмӣ собит месозанд, ки Наврӯз аз ҷумлаи куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашну идҳои мардумони эронитабор ва аз он ҷумла тоҷикон ба шумор рафта, махзани ҳикмату хиради баланди инсонӣ дар бораи робитаи инсон бо муҳити атроф мебошад. Он, пеш аз ҳама, фалсафаи робитаи инсон бо табиат, ба коинот ва олами атрофро дар бар мегирад. Миллатҳои мутамаддин арзишҳо ва сарватҳои маънавию моддии худро тӯли ҳазорсолаҳо зина ба зина ва марҳила ба марҳила эҷоду сайқал дода, онҳоро ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштаанд. Ин сарватҳо ифодагари руҳияи миллат буда, симо ва ҷойгоҳи ӯро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳифз менамоянд.
Соли равон барои мардуми Тоҷикистон соли таърихӣ мебошад, зеро мо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинем. Дар даврони истиқлолият кишвари азизи мо дар роҳи рушду тараққиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ҳамаи соҳаҳо пешрафтҳои муҳим ба назар мерасанд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин дастурҳо барои фаъолияти соҳаи геология низ ҳамчун роҳнамои муҳимми стратегӣ хизмат мекунанд.
Бо ифтихор бояд қайд намуд, ки соҳаи геологияи мамлакат дар солҳои охир ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бо заҳмати шабонарӯзии мутахассисон корҳои ҷустуҷӯӣ ва тадқиқоти геологӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар густариш ёфта, захираҳои нави канданиҳои фоиданок муайян ва арзёбӣ гардида истодаанд. Ин иқдомҳо барои таҳкими заминаи ашёи хоми саноатӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Мутахассисони соҳаи геология бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои навини тадқиқотӣ дар самти омӯзиши захираҳои маъданӣ, обҳои зеризаминӣ ва дигар сарватҳои табиӣ фаъолияти босамар доранд. Ин ҳама заҳматҳо ба рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат менамоянд.
Боварии комил дорам, ки кормандони соҳаи геология минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстӣ барои омӯзиши сарватҳои табиии кишвар ва рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар шумо ва кулли мардуми сарбаланди тоҷикро бо фаро расидани ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик менамоям. Бигзор барои ҳамаи мову Шумо Нарӯз бо накҳати худ сулҳу оромӣ, бахту иқболи накӯ, хурсандиву хушбахтӣ ва барору пешравӣ орад.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак!