ПАЁМИ шодбошии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Рӯзи модар
Модарон ва хоҳарони арҷманд,
Фарорасии фасли зебою муаттари баҳор, ҷашни зебоӣ, сидқу сафо ва меҳру вафо - Рӯзи модарро ба ҳамаи шумо, модарону хоҳарони азиз шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, дили шод, рӯзгори пурсаодат ва дар рушди Тоҷикистони азиз дастовардҳои беназирро орзу менамоям.
Мо имрӯзҳо дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин айёми фараҳбахш мардуми кишвар бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол ёдовар мешаванд. Албата, дар афзудани ин дастовардҳо нақши занон назаррас мебошанд, ки ин рамзи иродаи қавӣ, ватандӯстӣ ва меҳнати содиқонаи онҳо мебошад.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста талош намуда дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки: «Ҷомеае, ки ба зан- модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар- ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Дар ҳақиқат, занони баору номуси миллат борҳо исбот кардаанд, ки метавонанд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, сарфакорию сариштакорӣ, рушду ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ саҳми назаррас гузоранд.
Аз соли 1991 то ҳозир бо дастгирии Президенти маҳбубамон садҳо ҳазор духтарон таҳсилоти олӣ гирифтанд. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки имрӯз дар низоми хизмати давлатӣ аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, занон дар соҳаҳои фарҳанг, санъат ва ҳифзи иҷтимоӣ низ саҳми муҳим доранд.
Дар соҳаи геология, ки яке аз соҳаҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар айни ҳол 190 зан фаъолият дорад. Занони соҳаи геология дар ҷустуҷӯ ва истифодаи захираҳои зеризаминӣ саҳми арзанда доранд. Онҳо ҳамчун муҳандисон, муҳаққиқон ва коршиносони варзида намунаи садоқат, масъулиятшиносӣ ва илҳомбахш барои наслҳои оянда мебошанд. Ҷавонондухтарон бошанд, дар тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави геологӣ фаъолона кору пайкор мекунанд ва бо дастовардҳои худ дар рушди геология ва саноати кӯҳкории кишвар саҳм мегузоранд.
Дар даврони истиқлол сиёсати давлат ҳамеша барои дастгирии занон мусоидат намуда, ба иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ равона гардидааст. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030” намунаи барҷастаи дастгирии занон мебошад. Ин стратегия ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, татбиқи сиёсати гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо равона гардида, имконият фароҳам меорад, ки занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолона саҳмгузорӣ намуда, дар рушди устувори кишвар нақши муассир дошта бошанд.
Дар ҳамаи марҳилаҳои рушду таҳаввули кишвар - аз рушди хоҷагии халқ ва саноат, сохтмон ва ободонӣ то пешрафти илм ва технология - занон намунаи олии масъулиятшиносӣ мебошанд. Саҳми онҳо дар рушду пешрафти давлат ва ҷомеа имрӯз ҳамчун мероси арзишманд ва илҳоми наслҳои оянда арзёбӣ мешавад.
Зан - модар на танҳо ҳамчун шахси меҳрубону мушфиқ ва сарчашмаи ҳаёт, балки ҳамчун як узви ҷомеа дар ободии Ватан ва дар ғанигардонии буҷаи давлатӣ саҳми назаррас дорад. Эҳтироми зан ва қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсон аст, ки мо метавонем онро танҳо тавассути қадрдонии заҳмату меҳру ѓамхории пайвастаи онҳо адо намоем.
Дар фарҷоми сухан бори дигар тамоми модарону бонувони гиромиқадрро бо фарорасии ин санаи муборак самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва зиндагии пур аз меҳру муҳаббат орзу менамоям.
Бигзор дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистони азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардида, мардуми сарбаланди он 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору сарфарозӣ истиқбол намоянд.
Маркази матбуот