6-уми марти соли 2026 дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона доир гардид. Дар ҳамоиш сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муовинони сардор, сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, инчунин занони собиқадор ва бонувони саридора иштирок карданд.
Дар оғози чорабинӣ ба бонувони саридораи геология ҳамчун рамзи эҳтиром гулҳои баҳорӣ тақдим карда шуд. Сипас, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода занону бонувони собиқадори соҳа ва кормандонзанони саридораро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, дили шод, рӯзгори пурсаодат ва дар рушди Тоҷикистони азиз дастовардҳои беназирро орзу кард. Инчунин, дар бораи саҳми бонувони саридора дар рушди иқтисоди миллӣ ва дастовардҳои онҳо дар тӯли соҳибистиқлолӣ ибрози назар карда шуд.
Дар идома сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, донишманди маъруф, сиёсатшинос, пажуҳишгар, фарҳангшинос, ҷомеашинос ва шоир Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи мақоми занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат, мақоми зан дар адабиёти классику муосир маърӯзаи илмӣ кард.
Дар фарҷом ба бонувони собиқадор ва кормандонзанон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Маркази матбуот