ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ БАРРАСӢ ГАРДИД
ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ БАРРАСӢ ГАРДИД
Имрӯз, 4-уми феврал дар Саридораи геология вохӯрии сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаромарз Раҳмонзода бо кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону масъулони кадрии воҳидҳои сохторӣ баргузор гардид, ки дар он иҷрои талаботи банди 4-и фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар мамлакат барои расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ, таъмини муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия ва баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст. Муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳамаи кормандони мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва риояи қатъии меъёрҳои хизматчии давлатӣ таъкид шуд. Ба масъалаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва масъулони кадрӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сардори саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҳадафи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои сӯиистифода аз вазифа, роҳ надодан ба қабули қарорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва амалҳои ба ин монанд маънидод карда, иброз дошт, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳои мазкур маҷмуи тадбирҳои зиддикоррупсионии Саридораи геологияро дар бар гирифта, дар онҳо самтҳои асосии фаъолияти саридораи геология дар робита ба муқовимат ба коррупсия дар давраи дарозмуддат ва вазифаҳои воҳидҳои дахлдори Саридораи геология оид ба иҷрои ҳар банд, муҳлати иҷро ва мақсадҳои гузошташуда ба таври мушаххас муайян шудаанд. Саридораи геология ҳамчун субъекти дар муқовимат ба коррупсия иштирокунанда барои пурзур намудани фаъолияти худ дар самти мубориза бар зидди коррупсия, маҳдуд намудани омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандон, татбиқи дурусти муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак байни Саридораи геология ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти амалисозии сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия тақвият бахшида шуда, чунин вохуриҳо минбаъд низ баргузор карда мешаванд.
Фаромарз Раҳмонзода инчунин дар бораи экстремизму терроризм, шомилшавии ҷовонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастӣ, ҳимояи марзу бум, хуррофотпарастӣ ва нигоҳ доштани зиракии сиёсӣ ибрози андеша кард.
Маркази матбуот