Имрӯз, 21-уми январ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиш доир гардид.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, инчунин роҳҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакатро муайян намуда, ѓамхории пайвастаи давлатро нисбат ба ояндаи миллат инъикос менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки иқтисодиёти кишвар ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, сиёсати давлатӣ ба бунёди ҷомеаи аз лиҳози иқтисодӣ устувор ва иҷтимоӣ ҳифзшуда равона гардидааст.
Соҳаи геология яке аз муҳаррикҳои асосии рушди истеҳсолоти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир рушди соҳаҳои иқтисодиро бидуни пешрафти соҳаи геология тасаввур намудан ѓайриимкон аст, зеро омўзиши қаъри замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ заминаи асосии ташаккули истеҳсолоти муосир ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатӣ бо истифода аз омори муқоисавӣ дастовардҳои соҳаи саноат ва истихроҷи маъданро ҳамчун далели рушди устувор муаррифӣ карда зикр намуданд, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан ҳамагӣ 3 номгўйи маҳсулот - тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол мешуд, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 17 номгўй расонида шуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар афзоиш ёфтааст. Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, дар давраи татбиқи он беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин гардид.
Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2026–2030 ва Барномаи рушди истеҳсол ва ѓанигардонии металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, инчунин дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ мегардонад.
Дар ҳақиқат, саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриро аз бисёр ҷиҳат ҳамчун давлати истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Ҳамзамон, тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида, ин раванд ба нафъи шаҳрвандон хоҳад буд.
Барномаи рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, ки соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидааст, омўзиши 56 объекти барои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи саноат, муҳимро дар бар мегирад. Дар соли 2025 татбиқи зиёда аз 80 фоизи объектҳои пешбинишудаи барномаи мазкур таъмин гардид.
Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки бо роҳи коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои ранга ва қиматбаҳо, саноати сўзишворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ рушд ёфта, саноатикунонии босуръати кишвар таъмин гардад.
Дар идома иштироккунандагон маърӯза намуда, нуктаҳои калидии Паёмро мавриди таҳлил қарор доданд. Гуфта шуд, ки омўзиши амиқи нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии ҳадафҳои бузурги дар он ифодаёфта вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» самтҳои афзалиятноки рушди кишварро барои соли 2026 муайян намуда, мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба истиқболи сарбаландонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳнамоӣ менамояд.
МАРКАЗИ МАТБУОТ