Паёми табрикии Сардори Саридораи геологияи ба муносибати соли нави мелодии 2026
ПАЁМИ ТАБРИКИИ
Сардори Саридораи геологияи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба муносибати соли нави мелодии 2026
Ҳамкорони азиз!
Фарорасии Соли нави мелодиро ба шумо ва дар симои шумо ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, тандурустӣ, рӯзгори пурнишот ва сарбаландиву комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Ин солро мардуми шарафманди тоҷик дар заминаи татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, бо ба истифодадиҳии садҳо иншооти хурду бузурги ҷашнӣ хубу хотирмон ҷамъбаст намуда, соли нави мелодии 2026-ро бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ истиқбол мегиранд.
Соли 2025 барои кормандони саридораи геология ҳақиқатан соли муваффақиятњо ва кашфиётњои љолиб буд, зеро дар ин сол корњои иктишофӣ-геологӣ дар объектҳои буљавию шартномавӣ вусъати тоза касб намуда, захираҳои зиёди конҳои намудҳои гуногуни ашёи минералӣ ҳисоб шуда, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.
Натиҷаи фаъолияти пурсамари геологҳо мебошад, ки дар соли сипаришуда рушди истеҳсоли канданиҳои фоиданок чун тилло, нуқра, сурма, сурб ва масолеҳи сохтмонӣ рӯ ба афзоиш доранд.
Дастоварди назарраси соҳаи геология дар соли 2025 татбиқи зиёда аз 80 фоизи объектҳои “Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030” мебошад. Барнома омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 56 лоиҳа то соли 2030 пешбинӣ намуд, ки дар айни ҳол 45 объекти он фаро гирифта шуданд. Ҳоло дар 39 объект корҳо идома дошта, дар 9 объекти боқимонда корҳои лоиҳасозӣ ва омӯзиши геологии саҳроӣ дар марњилаи минбаъдаи иљрои барнома оғоз мегарданд.
Соли 2025 дар 10 объекти буҷетӣ лоиҳаҳои гузаронидани корњои омўзиши геологӣ таҳия гардида, дар 7-тои он корњои геологии саҳроӣ гузаронида шуданд. Ҳамаи ин гувоњи он аст, ки мувофиқ ба наќшаи тањиянамуда корҳо дар ҳама самтњо бомаром идома доранд ва натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.
Роҳбарияти саридора дар соли 2026 нақша дорад, ки барои амалӣ намудани бандҳои ин барномаи давлатӣ, аз ҷумла таҷҳизонидани соҳа бо дастгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони касбӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намояд.
Дар соли нави мелодии 2026 яке аз ҳадафҳои асосӣ бо дастовардњои нави меҳнатӣ пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ - 35 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро ҳар як дастоварди мо ба ин санаи бузург туњфаи арзанда ба ҳисоб меравад.
Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди мамлакат, аз ҷумла геологҳо дар партави эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ва ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат дар соли 2026 ба дастоварду комёбиҳои бештар мушарраф хоҳанд гардид.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Соли нави мелодии 2026-ро ба ҳамаи шумо таҳният гуфта, дастовардҳо, дастархони пурнеъмат ва саломатию осоиш таманно дорам. Бигзор дар соли 2026 на танҳо маъданҳо, балки идеяҳои нав низ ошкор карда шаванд.
Соли Нави мелодӣ муборак!
Маркази матбуот