Замимаи 2 Бо фармоиши Сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 1 » апрели соли 2024 № 22-Ф тасдиқ шудааст. Дастурамали мансабии сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди…
Замимаи 2
Бо фармоиши Сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 1 » апрели соли 2024 № 22-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1 Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб: сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансуб мебошад.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сардори шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геология бо дастрасии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори шуъба
- Сардори шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкуро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадхои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо зердастон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ва Саридораи геология;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- маълумоти олии касбии тахасуссӣ;
- на кам аз 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ва ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос;
- дониши хуб доир ба донистан ва кор карда тавонистан бо техника технологияҳои иттилоотии комуникатсионии муосир;
- Ба сардори шуъба сармутахассис (1- нафар). мутахассисиси пешбар (1 нафар) ва мутахассис (1- нафар) тобеъ буда, ҳисоботдиҳанда мебошанд.
- Дар давраи мувақатан хозир набудани сардори шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сармутахассиси шуъба вогузор карда мешаванд.
- Сардори шуъба ба супоришҳои хаттие, ки ба кормандони шуъба медиҳад, ҳуҷҷатҳо ва санадҳои барои баррасии роҳбарияти Саридораи геология пешниҳодшаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳо ва лоиҳаи санадҳои аз тарафи шуъба ё якҷоя бо дигар воҳидҳои сохтории Саридораи геология ё аз тарафи дигар воҳидҳои сохтории он баррасӣ ва омоданамуда, барои имзо ба роҳбарияти Саридораи геология пешниҳод карда мешаванд, салоҳияти имзо карданро доро мебошад.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии сардор
- Сардори шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони шуъбаро анҷом медиҳад;
- маводҳои воридгардидаро ба кормандони шуъба барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд;
- ба кормандони шуъба дар доираи ваколатҳои худ супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд;
- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти шуъба ташкил, назорат ва таъмин менамояд;
- лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони шуъбаро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори Саридораи геология пешниҳод менамояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи Саридораи геологияро омода менамояд;
- дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба соҳа мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба тахия намуда, барои тасдиқ ба сардори Саридораи геология пешниҳод менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмиллалӣ ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои истифодабарии каъри замин иштирок менамояд;
- аз болои риояи қоидаҳои тартиботи дохилии Саридораи геология назорат мебарад;
- муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд;
- дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Саридора иштирок менамояд;
- оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори Саридора ҳисобот манзур менамояд;
Дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовини уро саривақт ва бо сифати баланди касбӣ иҷро менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқҳои сардори шуъба
- Сардори шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро меомӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб менамояд;
- барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таклиф пешниход менамояд;
- ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ва Саридора ба сардори Саридора таклиф пешниҳод менамояд;
- хизматчиёни давлатии дар шуъба фаъолиятдоштаро барои додани рутба пешниҳод менамояд;
- шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтақавии Саридора намояндагӣ мекунад.
- Сардори шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти сардори шуъба
- Сардори шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
Дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани. моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи конунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 5 Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба Сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии Дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи он супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мазкур мегарданд, Дастурамал аз нав таҳия ва аз ҷониби сардори Саридораи геология тасдиқ карда мешавад.