Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат
Замимаи 4
Бо фармоиши Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » апрели соли 2024
№ 20-Ф тасдиқ шудааст
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1 Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб – мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкурро тибқи Фењристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ
- Мутахассиси пешбари шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишѓол менамояд:
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медарорад;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-таҳсилоти олӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-кор карда тавонистан бо компютер.
6.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассисони дигари шуъба вогузор карда мешаванд.
- Мутахассиси пешбари шуъба бо роҳбарони воҳидҳои сохтории саридора, сохторҳои ҳудудии он ҳамкорӣ менамояд.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
-иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин намояд;
- иҷрои гардиши коргузории электронӣ дар саридора;
-дар таҳияи пешниҳодҳо дар самти фаъолияти шуъба иштирок мекунад;
-ба дархостҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҷавобҳои дахлдор омода мекунад;
-пешбурди электронии воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои шуъба ва назорат аз болои иҷроиши онҳо;
-муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба шуъба дахлдоштаро баррасӣ менамояд;
-оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз 3 руз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод мекунад;
-дар тарғиби хизмати давлатӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад;
-дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд;
-дигар супоришҳои роҳбариятро иҷро менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз руи онҳо иштирок намояд;
-бо тартиби муқараргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш заруриро талаб карда гирад;
-дар вохуриҳо, маҷлисҳо, семинарҳо оид ба кори шуъба иштирок намояд;
-дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэтибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
-шуъбаро дар муносибат ба дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтақавии саридора намояндагӣ кунад;
-мутахассиси пешбари шуъба инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое, мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад,ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуданд;
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ
11.Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба супорида мешавад.
12.Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.