Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи геология
Замимаи 6
Бо фармоиши сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » апрели соли 2024
№ 21-Ф тасдиқ шудааст
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб - мутахассиси пешбари шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб мебошад.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва хисоботдиҳанда мебошад.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мутахассиси пешбари шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геология (минбаъд - сардори саридора) бо дастрасии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- Мутахассиси пешбари шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадхои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касби;
- тахсилоти олии касбии геологӣ;
- 1 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз руи ихтисос;
- дониши хуб доир ба донистан ва кор карда тавонистан бо техника ва технологияҳои иттилоотии коммуникатсионии муосир;
Боби 3. Уҳдадорихои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- Мутахассиси пешбари шуъбаи геология дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- ҷамъоварӣ ва ба тартибдарории иттилоотии ҳармоҳаи геологии Саридораро барои пешниҳод омода месозад;
- саривақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои геологӣ, иттилоотӣ ва ниҳоиро аз ҷониби сохторҳои Саридора назорат мекунад;
- дар таҳияи самтҳои асосии корҳои геологӣ иктишофӣ, нақшаҳои солонавӣ ва дурнамоии рушди корҳои иктишофи геологӣ, нақшаҳои ба анҷомрасии онҳо ва аз ҳисоббарории хароҷотҳо, таҳияи нақшаҳои объектии корҳо ширкат меварзад;
- дар маҷлисҳои ҷумҳуриявӣ, семинарҳо симпозиумҳо, мактабҳои таҷрибаи пешқадам, намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок мекунад;
- ҳолати корҳои мавзуӣ, сифати корҳои саҳроӣ ва коркард (камералї) ва қабули маводҳои саҳроиро бо роҳи боздид, мутобиқ ва месанҷад;
- дар баррасии ҳисоботҳои геологӣ, ҳисоби фаврии захираҳои ба ШИТ пешниҳодшаванда ширкат меварзад.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- Мутахассиси пешбари шуъбаи геология дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз руи онҳо иштирок намояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридораи геология қарордоштаро меомузад;
- аз корхонаҳои бо омузиши геологӣ машғулбуда пешниҳоди лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва иттилооти даврии геологиро дар муҳлатҳои муқаррарнамуда талаб кунад;
- аз номи Саридора дар дигар сохторҳо аз руи масъалаҳои ба салоҳияти шуъба дахл дошта, бо фармоиши роҳбарият намояндагӣ намояд;
- санҷиши маводҳо ва рафти корҳоро дар ташкилотҳои тобеъ, аз руи масъалаҳои ба салоҳияти шуъба дохил шаванда, гузаронад;
- доир ба гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ бо вайронкунии талаботҳои усули муқаррарнамуда, дастурамалҳои соҳавии амалкунанда, тавсияҳо, фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ гузаронидашавандаро ба сардори шуъба маълумот пешниҳод намояд;
- бо розигии сардори шуъба, шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтақавии Саридораи геология намояндагӣ кунад.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи геология дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- Мутахассиси пешбари шуъбаи геология дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи геология барои иҷро накардан ва / ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликиятӣ барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи конунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 5 Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба мутахассиси пешбари шуъбаи геология бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи руз дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.