Дастурамали мансабии сармутахассиси шуъбаи иқтисод
Замимаи 4
Бо фармоиши сардори
Саридораи геологияи назди
Њукумати Љумњурии Тољикистон
аз «01» апрели соли 2024, №24 – Ф
тасдиќ шудааст
ДАСТУРАМАЛИ
мансабии сармутахассиси шуъбаи иќтисод
Боби 1 Муќаррароти умумї
- Номи мансаб – сармутахассиси шуъбаи иќтисод Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон.
- Мансаби мазкур тибќи Фењристи мансабњои давлатии Љумњурии Тољикистон ба мансабњои категорияи панљум мансуб аст.
3.Ишѓолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи иќтисоди Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тобеъ ва њисоботдињанда мебошад.
- Сармутахассиси шуъбаи иќтисоди Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд-сармутахассиси шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд - сардори Саридора) ба мансаб таъин ва озод карда мешавад:
Боби 2 Талаботи тахассусї барои ишѓоли мансаби
сармутахассиси шуъбаи иќтисод
- Сармутахассиси шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишѓол менамояд:
- донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунњо, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ки иљрои ўњдадорињои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї, як забони хориљї;
- донистани самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон;
- малакаи хуби муошират, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбї;
- тањсилоти олии касбї;
- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- Дар давраи муваќќатан њозир набудани сармутахассиси шуъба, иљрои ўњдадорињои мансабии ў ба дигар сармутахассиси шуъба вогузор карда мешаванд.
Боби 3. Ўњдадорињои мансабии сармутахассиси шуъбаи иќтисод
- Сармутахассиси шуъба дорои ўњдадорињои зерин мебошад:
- тањияи дурнамои нишондињандањои рушди иљтимоию иќтисодии соњаи геология барои солњои 2024 – 2025 ва параметњои асоссии он барои солњои 2026 – 2027;
- лоињањои шартномаи истифодабарии захирањои табиї ва протоколи маљлиси Комиссияи назди Саридораи геология оид ба муайян намудани
андоз барои истифодабарии захирањои табииро омода менамояд;
- навиштани вараќањои шартномаи захирањои табиї;
- тањлили корњои аз њисоби буљети давлатї ва шартномањои дуљониба иљрошуда дар воњидњои сохтории Саридораи геология;
- тањлили корњои бо усули хољагидорї иљрошуда дар воњидњои сохтории Саридораи геология;
- тањил ва љамъбасти њаљми корњои иљрошуда дар воњидњои сохтории Саридораи геология;
- тањлили иќтисодии иљрои “Барномаи давлатии рушди соњаи геологияи Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2030”;
- сармутахассиси шуъба бевосита ба сардори шуъбаи иќтисод итоат мекунад;
- оид ба фаъолияти семоња, нимсола, нўњмоња ва солонаи худ дар мўњлатњои муќарраргардида ба сардори шуъба њисобот пешнињод менамояд;
- дигар ваколатњои шуъба, супоришњои сардори Саридора ва муовинони ӯро иљро менамояд.
Боби 4. Њуќуќњои сармутахассиси шуъбаи иќтисод
- Сармутахассиси шуъба дорои њуќуќњои зерин мебошад:
-маводњои дар ихтиёри Саридора ќарордоштаро омўзад;
-бо тартиби муќарраргардида аз маќомоти дахлдор маълумот ва маводњои барои иљрои ўњдадорињои мансабї заруриро талаб карда гирад;
-оид ба иљрои санадњои меъёрии њуќуќии соњаи геология таклиф пешнињод намояд;
- санљиши фаъолияти иқтисодии воњидњои сохториро, ки ба ваколатњои шўъба мансубанд, амалї намояд;
-дигар њуќуќњое, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї намудаанд.
Боби 5. Масъулияти сармутахасссиси шуъба
- Сармутахассиси шуъба дорои чунин масъулиятњо мебошад:
- барои пешнињод накардани маълумоти дуруст њангоми ќабул ба хизмати давлатї, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- мављудияти мамониатњои муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» њангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани мањдудиятњое, ки мувофиќи ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муќаррар карда шудаанд;
- барои пешнињод накардани эъломияњо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар мўњлатњои муќарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо;
- барои сариваќт ва ё ба таври дахлдор иљро накардани ўњдадорињои мансабї, риоя накардани интизоми мењнат ва ќоидањои тартиботи дохилї;
- барои ошкор намудани сирри давлатї ва дигар сирре, ки бо санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон њифз карда мешаванд;
- дигар масъулиятҳое, ки санадњои маъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар намудаанд.
- Сармутахассиси шуъба барои иљро накардан ва ё ба таври дахлдор иљро накардани ўњдадорињои мансабї, истифодаи ѓайримаќсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иљрои ўњдадорињои мансабї вобаста кардашуда тибќи ќонунгузорї ба љавобгарї кашида мешавад.
Боби 6. Муќаррароти хотимавї
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба сармутахассиси шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рўз дар китоби баќайдгирии дастурамалњои мансабї, нусхаи дастурамали мансабии сармутахассиси шуъба супорида мешавад.
- Њангоми таљдиди шуъба ва дигар њолатњое, ки боиси таѓйир ёфтани дастурамали мансабии сармутахассиси шуъба мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав тањия ва тасдиќ карда мешавад.