Замимаи 4 бо фармоиши cардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 01 » апрели соли 2024, № 25-ф тасдиқ карда шудааст ДАСТУРАМАЛИ мансабии сармутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди…
Замимаи 4
бо фармоиши cардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 01 » апрели соли 2024, № 25-ф
тасдиқ карда шудааст
ДАСТУРАМАЛИ
мансабии сармутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб – сармутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷ мансуб аст.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Сармутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сармутахассис) аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори Саридора) ба мансаб таъин ва озод карда мешавад:
- Талаботи тахассусї
- Сармутахассис бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тољикистон;
- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- маълумоти олии соҳаи геология;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи панҷум ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;
- кор карда тавонистан бо компютер.
- Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў бо фармони сардори Саридора ба сармутахассиси шуъба вогузор карда мешаванд.
- Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъба
- Сармутахассиси шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- супоришҳои сардори шуъба ва роҳбарияти Саридораро дар муҳлатҳои таъиншуда иҷро менамояд;
- дар баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъбаи иштирок менамояд;
- омўхтани вазъи бозори ҷаҳонии ашёи минералӣ;
- омўхтани базаи ашёи минералии корхонаҳои кўҳӣ;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи геология;
- фаъолият дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолият мувофиқи Низомномаи Саридораи геология;
- маълумоти кофӣ доштан дар бораи вазъи иқтисодиёти кишвар, иқтисодиёти ашёи минералӣ, кондитсияҳо ба намудҳои ашёи минералӣ
- коргузорӣ оид ба усулҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи ашёи минералӣ;
Дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовинони сардори Саридораро иҷро менамояд.
- Ҳуқуқҳои сармутахассиси шуъба
- Сармутахассиси шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рўи онҳо иштирок менамояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро меомўзад;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз идораҳои дахлдор талаб менамояд;
- шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтқавии Саридора намояндагӣ мекунад;
- ба роҳбарияти Саридора аз рўи ҳамаи намуди масъалаҳои ба салоҳияти шуъба дахлдор таклифҳо пешниҳод мекунад;
- ба маводҳои воридшуда дар якҷоягӣ бо дигар шуъбаҳои Саридора хулоса пешниҳод менамояд;
Сармутахассиси шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
- Масъулияти сармутахассиси шуъба
- Сармутахассиси шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайри мақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
- Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сармутахассиси шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рўз дар китоби бакайдгирӣ, нусхаи Дастурамали мансабии сармутахассиси шуъба супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.