Дастурамали мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод
Замимаи 5
Бо фармоиши сардори
Саридораи геологияи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «01» апрели соли 2024, №24 – Ф
тасдиқ шудааст
ДАСТУРАМАЛИ
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб –мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисоди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи иқтисоди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисоди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мутахассиси пешбари шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори Саридора) ба мансаб таъин ва озод карда мешавад:
Боби 2 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод
- Мутахассиси пешбари шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкуро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- 1 сол собиқаи хизматчӣ давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
- Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари шуъба, иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари дигари шуъба вогузор карда мешаванд.
Боби 3. Ӯҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошад:
- дар тартиб додани маълумот оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории воҳидҳои сохтории Саридора иштирок менамояд;
- таҳлили қарзҳои дебиторию кредитории воҳидҳои сохтории Саридора;
- таҳлили ҳисоб, пардохт ва бақия музди меҳнати кормандони воҳидҳои сохтории Саридора;
- таҳлили воридот ва хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби воҳидҳои сохтории Саридора;
- таҳлили ҳисоб, пардохт ва бақияи андозҳои воҳидҳои сохтории Саридора;
- таҳлили шакли 1-и ҳисоботи меҳнат барои муайян намудани шумораи миёнаи кормандон ва музди миёнаи меҳнати воҳидҳои сохтории Саридора;
- андешидани чораҳо барои таъмини саривақтии омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;
- дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовинони сардори Саридораро иҷро менамояд;
- мутахассиси пешбари шуъба бевосита ба сардори шуъбаи иқтисод итоат мекунад;
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пебари шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
-маводҳои дар ихтиёри саридора қарордоштаро омӯзад;
-бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб намояд;
-бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб намояд;
- дар ҳамкорӣ бо воҳиди сохтории иттилоотии мақоми давлатӣ тафсирҳои иттилоотӣ ва дигар санадҳои заруриро нашр ва паҳн карда, дар доираи ваколати шӯъба мукотибаи кориро анҷом диҳад;
- бо тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳои зарурӣ кормандони воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи идоракунии мақоми давлатиро дар мувофиқа бо роҳбарони бевоситаи онҳо барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи шуъба гузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намояд;
- санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва иқтисодиро, ки ба ваколатҳои шуъба мансубанд, амалӣ намояд;
-дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахасссиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
-барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар мӯҳлатҳои муқарраргардида;
-барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
-барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-дигар масъулиятҳое, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- Мутахассиси пешбари шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба мутахассиси пешбари шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.