Дастурамали мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникӣ
|
Замимаи №4 Бо фармоиши сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 1 » апрели соли 2024 № 28 - Ф тасдиқ шудааст. |
|
|
ДАСТУРАМАЛИ
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникӣ
Боби 1. Муқаррароти умумӣ.
1.Номи мансаб –мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
3.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи истеҳсолию техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
4.Мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мутахассиси пешбари шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд сардори саридора) ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникӣ бевосита ба сардори шуъбаи истеҳсолию техникӣ итоат мекунад.
Боби 2 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникӣ.
6.Мутахассиси пешбари шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ;
-2 сол собиқаи кори аз рӯи ихтисос ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-кор карда тавонистан бо компютер.
7.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ў ба сармутахассиси шуъба вогузор карда мешавад.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъба.
8.Мутахассиси пешбари шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
-истифодабарии бехатари таҷҳизот, дастгоҳҳои наводиҳӣ, системаҳои обтаъминкунӣ, саривақт гузаронидани ташхиси техникӣ, тафтиш, бақайдгирии механизмҳо ва асбобҳои борбардор, зарфҳои бо фишори баланд коркунанда, дастгоҳҳои ҳавои фишурдадиҳанда, воситаҳои нақлиётӣ ва алоқаро дар мақомоти назораткунанда таъмин менамояд;
-оид ба ташкил намудани нақшаи таъмириву пешгири дар корхонаҳо, пешбарии ҳуҷҷатҳои техникии таҷҳизот ва дастгоҳҳо пешниҳодҳо ирсол менамояд ва баҳри беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои истифодабарии таҷҳизот назорат мебарад;
-барои фароҳам овардани шароитҳои бехатар ва солимии меҳнат дар корхонаҳои зертобеъ, гузаронидани чорабиниҳо дар соҳаи мазкур, риоя намудани қонунгузории амалкунанда, дастурамалҳо, қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва тандурустии истеҳсолиро назорат мебарад;
-барои риояи меъёрҳои қонунгузорӣ, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва тандурустии истеҳсолӣ дар лоиҳаҳо, ҷараёнҳои нави технологӣ, ҳангоми бакордарорӣ ва истифодаи таҷҳизот ва назорати соҳавии риояи меъёрҳои амалкунанда ва стандартҳои бехатарии кор назорат мебарад;
-аз болои таҳияи сметаҳои хароҷот барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва таҳияи ҳамин гуна сметаҳо дар корхонаҳо ва масрафи маблағҳои ҷудогардида барои ҳифзи меҳнат назорат мебарад;
-гузаронидани дастурдиҳии аввалия (вводный инструктаж), таҳияи ҳисоботдиҳиро оид ба ҳифзи меҳнат таъмин мекунад;
-ба корхонаҳо дар таҳияи дастурамалҳои нав ва аз нав дида баромадани дастурамалҳо ва дастурҳои мухтасари кӯҳна оид ба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар таҳияи барномаҳои омӯзиши коргарон ба усулҳои бехатари меҳнат ёрии методӣ мерасонад;
-мувофиқи супориш ва талаби роҳбарият, дар корҳои ҷаъмияти иштирок менамояд;
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъба.
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои ҳуқуҳои зерин мебошад:
-гузаронидани саривақтии таъмири нақшавӣ-пешгирикунандаи таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётиро зери назорат мегирад;
-ташкил мекунад, аз истифода баровардани мошинҳо, механизмҳо ва асбобҳое, ки дар корхонаҳои зертобеъи саридора ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд;
-мавҷудияти дастурамалҳо барои истифодаи бехатари таҷҳизот;
-иҷозат барои идоракунии механизмҳо, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт ба шахсоне, ки шаҳодатномаҳои муносиб доранд;
-дар комиссияҳо оид ба санҷиши омодагии гурӯҳҳои мавсимии ҷустуҷӯӣ-наворгирӣ, коркардҳои кӯҳӣ, дастгоҳҳои пармакунӣ ба корҳо иштирок мекунад;
-дар тафтишот ва таҳлили ҷароҳатбардории истеҳсолӣ, бемориҳои тахассусӣ, дар таҳияи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани онҳо, инчунин таҳияи бобҳои шартномаҳои коллективии вобаста ба беҳтар кардани шароитҳои корӣ иштирок мекунад;
-дар кори комиссия оид ба тафтишоти ҳодисаҳои нохуш иштирок мекунад;
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъба.
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
-барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои мукарраргардида;
-барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
-барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
-барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Мутахассиси пешбари шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ.
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба мутахассиси пешбари шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба супорида мешавад.
- Ҳангоми таҳдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.