Саволҳои озмун
Саволҳои озмун.
Саволи 1. Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
Моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
Саволи 2.Кониститутсияи Ҷ.Т кай қабул гардидаст ва кай ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуд?
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Саволи 3. Кониститутсияи Ҷ.Т аз чанд боб ва чанд модда иборат мебошад?
Аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.
1. Асосҳои сохтори конститутсионї.
2. Ҳуқуқ озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд.
3. Маҷлиси Олӣ.
4. Президент.
5. Ҳукумат.
6. Ҳокимияти маҳаллӣ.
7. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.
8. Суд.
9. Прокуратура.
10. Тартиби тағийри Конститутсия
Саволи 4. моддаи 13-и Конститутсияи Ҷ.Т?
Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Саволи 5. Маҷлиси Олӣ?
Моддаи 48. Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Муҳлати ваколати Маҷиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оҷози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Саволи 6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати чанд сол интихоб карда мешавад ва чанд маротиба пайдарпай қабул мешавад?
Тибқи моддаи 65 Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад (22 майи соли 2016). Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Саволи 7. Моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.
Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.
Саволи 8.Боби 2 Конститутсияи Ҷ.Т аз чанд модда иборат аст?
Ҳуқуқ озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд – 14-47.
Саволи 9.Моддаи 100 - и Конститутсияи Ҷ.Т?
Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Саволи 10. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз киҳо иборат мебошад?
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони Кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
Саволи 11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тағйироту иловаҳои нав кай ба интишор расид?
5 марти соли 2007 №233 аз 5 боб ва 45 модда иборат.
Саволи 12. Хизмати давлатӣ чист?
- Хизмати давлатӣ - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст;
Саволи 13. Хизматчии давлатӣ кист?
хизматчии давлатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст;
Саволи 14. Низоми хизмати давлатӣ кадомҳоянд?
1.Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
-хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
-хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
-хизмати давлатии ҳарбӣ.
2.Хизмати давлатии шаҳрвандӣ ҳамчун фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1128)
Саволи 15. Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ
1.Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
-садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
-инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
-хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
-ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
-шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
-касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
-ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
-ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
-устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
-баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
-баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
2.Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.
Саволи 16. Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ
1.Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.
2.Барои хизматчиёни давлатии сиёсӣ категорияи мансабҳои давлатӣ муқаррар карда намешавад.
3.Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияи мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
-категорияи олӣ;
-категорияи якум;
-категорияи дуюм;
-категорияи сеюм;
-категорияи чорум;
-категорияи панҷум;
-категорияи шашум;
-категорияи ҳафтум.
Саволи 17. Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ барои мард ва зан?
- барои зан 58 солагӣ, барои мардон 63 солагӣ.
Саволи 18. Уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ аз чӣ иборат мебошад? Мувофиқи тартиби муқарарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» савганд ёд кунад,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон риоя кунад,
-интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя кунад,
-меъёрҳои одоби хизматиро дастури фаъолияти худ қарор диҳад,
-сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳои ҳифзшавандаро то муҳлати муайян махфи нигоҳ дорад,
-ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд, ва ғайра.
Саволи 19. Кадом шаҳрвандон ба хизмати давлати қабул карда мешавад?
- Ба хизмати давлати сиёси шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррар намудаи Конститутсия, қонун дар бораи хизмати давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, ба хизмати давлати маъмури шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ба талаботи тахассуси муқарарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, метавонанд қабул шаванд.
Саволи 20. Хизматчии давлати кадом ҳуқуқҳоро доро мебошад?
- дар доираи ваколатҳои худ баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдори ва шахсони мансабдор талаб намояд.
-итилоот ва маводи барои иҷрои ваколат ва уҳдадориҳои мансабиаш заруриро бо тартиби муқараргардида талаб намояд.
-ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад.
-ба фаъолияти илмиву эҷодӣ машғул шавад.
- бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ў дахл дорад, бемамоният шинос шавад.
- дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд,
-бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлати қатъ намояд, ва ғайра
Салоли 21. Рӯзи Президенти Ҷумурии Тоҷикистонро ҳамасола кай ҷашн мегиранд?
Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Саволи 22. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамасола кай ҷашн мегиранд?
27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шудааст. 27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин санаи барои кишвари азизамон муҳим 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав имзо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Саволи 23. Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кай ҷашн мегиранд?
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9 сентябр — ҳамчун «Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. 9 сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Саволи 24. Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» кай қабул шудааст?
5 октябри соли 2009, №553. Аз 7 боб ва 28 модда иборат.
Саволи 25. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст?
3 декабри соли 2015, №591 қабул шудааст.
Моддаи 71. Одоби хизматчии давлатӣ
1. Одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (қҷт 11.03.2010 №603), (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1128)
Саволи 26. Принсипҳои зерини одоби хизматчии давлатиро номбар намоед?
- қонуният - риояи дақиқ ва иҷрои пурраи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - таъмини ҳифз ва мусоидат ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ мебошанд;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон - ҳисси муҳаббат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи муқаддас донистани ҳифзи Ватан, хизмати содиқона ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ - эҳтиромона муносибат намудан ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, ки арзиши олӣ мебошанд, одилона, бовиҷдонона амал намудан, таъмини риояи адолати иҷтимоӣ зимни қабули қарорҳо;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ - фаъолияти шаффофи хизматчии давлатӣ ва пешниҳоди маълумот дар бораи он ба ҷомеа, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, ба ҷуз фаъолият ва маълумоте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
- таҳаммулпазирӣ - эҳтиром ва дуруст дарк намудани фарҳангҳои мухталиф, рафтор, одат, ақида, дин, эҳтиромона муносибат намудан бо ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон ва ҷомеа;
- поквиҷдонӣ ва беғаразӣ - татбиқи идоракунии самаранок, роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо, амалҳои коррупсионӣ, аз рӯи таъинот ва ба нафъи умум истифода кардани воситаҳои моддию пулӣ, беғараз будан дар қабули қарорҳо;
- қатъият - муносибати сахтгирона доштан ва масъулият зоҳир кардан дар татбиқи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ;
- касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ - доштани донишҳои мушаххаси касбӣ, тахассус, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, шахсӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва ботаҷрибагӣ, ки асоси иҷрои муваффақонаи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ мегарданд;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ - таъин (интихоб) гардидан ба мансаби дигар ё мансаби баланд бе роҳ додан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ.
Саволи 27. Демократия чист?
- Демос-халқ, кратия-ҳокимият яъне Ҳокимияти халқӣ.
Саволи 28. Қонун чист?
- Санади меъёри ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқаррашуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Саволи 29. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед?
- Парчам, Нишон, Суруди миллӣ аст.
Саволи 30. Рӯзи Парчами Тоҷикистонро кай қабул карданд?
-24 ноябри соли 1992
Саволи 31. Муаллифи матн ва оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кист ва онро ироа намоед?
-Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков.
Саволи 32. Қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар кунед?
- Б.Ғафуров, С.Айнӣ, Э.Раҳмон, М.Турсунзода, Н.Махсум, Ш.Шотемур
Саволи 33. Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» кай қабул шудааст?
-8 июни соли 2007, №272 аз 5 боб ва 16 модда иборат аст.
Саволи 34. Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ » кай қабул шудааст?
-23 июли соли 2016, №1339 аз 5 боб ва 27 модда иборат аст.