Табрикоти Сардори саридораигеология бахшида ба рӯзи Президент
Ҳамкорони арҷманд
Бо самимият ва эҳтироми бепоён фарорасии санаҳои бузурги таърихӣ - баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумо сидқан табрику таҳният мегӯям. Ба шумо рӯзгори осуда, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, хидмати софдилона баҳри ободии Тоҷикистони азиз ва зиндагии шоиста таманно мекунам.
Аз рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 33 сол сипарӣ гардида, давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оѓоз шуд.
Ҳамон рӯзҳои басо душвор Иҷлосияи таърихӣ ягона қарори дуруст қабул намуд, ки сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид ва ин фарзанди фарзона ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд.
Ҳамасола 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин бесабаб нест, маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карда, дар ҳамин сол шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф, саноат, геология ва дигар соҳаҳо гардид.
Тамоми дастовардҳои миллату давлатро имрӯз ба номи Президенти маҳбуби кишвар метавонем рабт диҳем, зеро ки дар муддати 34 соли соҳибистиқлолӣ номи тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тавонистанд баланд бардоранд. Президенти маҳбуби мо аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо ҷасорату сиришти пок ва фитрати азалӣ дар мартабаи бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар замони муосир асос гузоштанд.

Албатта, таърих гувоҳ аст, ки дар раванди тамаддунофарии башарият ҳар нафаре, ки дар роҳе қадамҳои нахустин мениҳад ва барои амале нахустин шуда азм мегирад, ӯро асосгузор ё бунёдгузор меноманд. Барои Тоҷикистони тозаистиқлол маҳз Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки истиқлоли комилро таъмин намуда, ваҳдати миллиро устувор сохта, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд.
Тамоми ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои муаззами миллат баҳри Ватани аҷдодӣ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон атрофашон муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳи душвори миллатсозӣ ӯро ҳамроҳӣ намуда, ҳамчун шахсияти дорои асолати миллидошта эътироф намуданд. Таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Президенти худ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб аст.
Мукофоти ин ҳама заҳматҳо эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон ва баланд гардидани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст. Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи ташаббусҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷумла, Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти амалиёти “об барои ҳаёт, 2005-2015” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “об барои рушди устувор, 2018-2028”, “Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошанд, ки аз ҷониби СММ пазируфта шудаанд.
Гузаштa aз ин, Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ ҳaмчун шaхси сулҳофaру сулҳпaрвaр ва сaрҷaмъкунaндaи миллaт шинохта ва маъруф гаштааст, ки боиси ифтихор ва таҳсин аст.
Вазифаи дигари муҳим ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлоли давлатӣ мебошад. Ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Сарвари давлати тоҷикон иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлоли ѓоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад хизматҳои шоиста намуданд.
Кишвари мо дар давоми солҳои истиқлол ба комёбиҳои назаррасе ноил гашт, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ зуҳури худро ёфтааст.
Яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодӣ ва стратегии кишвар дар ин давра соҳаи геология ва истифодаи захираҳои зеризаминӣ буд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти давлат марҳила ба марҳила рушд кард.
Тоҷикистон кишвари дорои иқтидори назарраси захираҳои бойи табиӣ, хусусан, захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар рушди саноати истихроҷ, энергетика, металлургия ва дигар бахшҳои саноати мамлакат аҳаммияти калон дорад.
Дар даврони истиқлол соҳаи геология ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барномаҳои давлатии рушди соҳаи геология қабул ва татбиқ гардиданд; буҷаи соҳа афзоиш ёфт ва таҳқиқоти геологӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолона ба роҳ монда шуд; кадрҳои соҳавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар омода ва бозомӯзӣ шуданд; мақоми Тоҷикистон дар харитаи захираҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мустаҳкам шуд.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба рушди соҳаи геология ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Борҳо дар суханрониҳои худ таъкид карданд, ки канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сарвати миллатанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад заминаи мустаҳками рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардад.
Кулли кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъмини ваҳдат ва таҳкими давлати миллиро вазифаи муқаддас шуморида, ҳифзи истиқлолу амнияти сарзамини аҷдодиро дар назди наслҳои оянда вазифаи ҷонии хеш мешуморанд.
Бори дигар ин санаи таърихии фархундаро ба ҳар якеи шумо самимона шодбош гуфта, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳату саломатӣ, умри дароз ва дар иҷрои ниятҳои нек дастоварду муваффақиятҳои бепоён орзу менамоям.
Бигзор сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар зери сояи Президенти маҳбуби кишварамон - Эмомалӣ Раҳмон доимо пойдор бошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Маркази матбуот