ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ ДОИР ГАРДИД
13-уми октябри соли 2025 дар толори калони Саридораи геология таҳти раёсати Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геология доир гардид. Баъди тасдиқи…
13-уми октябри соли 2025 дар толори калони Саридораи геология таҳти раёсати Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геология доир гардид.
Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа дар бораи фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳову муассисаҳои зерсохтор дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муовини якуми сардори Саридораи геология Исомуддин Холзода ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Саридораи геология омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба роҳ монд. Дар ин давра аз рӯйи 32 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, корҳои минтақавӣ, корҳои мавзуӣ, гидрогеологӣ, геологияи муҳандисӣ, геоэкологӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шуда, корҳо дар 30 лоиҳаи омӯзишӣ ва 7 лоиҳаи нигоҳдорӣ баробари 72,5%-и нақшаи солона ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 баробари 113% иҷро гардиданд.
Дар нуҳ моҳи соли 2025 аз ҷониби корхонаҳои зерсохтори Саридора аз рӯйи 174 лоиҳа корҳои шартномавӣ ва пудратӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, корҳо бо усули хоҷагидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд ба иҷро расонида шудааст, ки суръати афзоиш 108 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои зерсохтор ба маблағи 8 077 600 сомонӣ ба буҷет андозҳо пардохт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 158 500 сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас, роҳбарони корхонаҳову муассисаҳои зерсохтор аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию истеҳсолӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 ҳисобот доданд.
Баъди таҳлили фаъолияти нуҳмоҳа Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар назди роҳбарони корхонаву муассисаҳои зерсохтор ҷиҳати тақвият додани фаъолияти минбаъда ва бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст кардани соли 2025 супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара қарори дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа изҳори итминон карда шуд, ки тамоми кормандони Саридораи геология дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намудани соли 2025 кушиш ба харҷ медиҳанд.