Чуноне,ки қаблан иттилоъ дода будем, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ифтитоҳ ёфт. Баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар толори барҳавои Вазорати фарҳанги…
Чуноне,ки қаблан иттилоъ дода будем, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ифтитоҳ ёфт.
Баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар толори барҳавои Вазорати фарҳанги ин давлати дӯсту бародар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, саноеи дастӣ, маҳсулоти гуногун, намоиши мусаввараву аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони Истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамоянд, ба намоиш гузошта шуда буд, ки дар маҷмӯъ композитсияи бою рангини Тоҷикистонро бозгӯ менамояд.
Аз ин намоишгоҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода якҷо бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ дидан намуданд.