Санаи 20-уми январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанг- Назариён О.О бо роҳбари “Созмони фарҳангӣ ва маърифатии тоҷикон дар Австрия” Шукурова Манижа Январовна сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ташвиқу тарғиби фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллӣ миёни ҳамватанони бурунмарзӣ , роҳандозии омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон