Ба ифтихори ҷашни 35 солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷиҳати таҷдиди инфрасохтори соҳаи фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, дар ин зимн, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти зиёди таъиноти фарҳангӣ бо…
Ба ифтихори ҷашни 35 солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷиҳати таҷдиди инфрасохтори соҳаи фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, дар ин зимн, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти зиёди таъиноти фарҳангӣ бо тарҳу намуди замонавӣ бунёд гардида истодаааст.
Дар ин замина, 24 декабри соли 2025 бо иштироки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтиттоҳ гардид.
Маркази фарҳангии мазкур дар доираи барномаи байналмилалии CASA -1000 бо мақсади дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар масоҳати 672, 74 метри муррабаъ бо харҷи 3 миллиону 76 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дорои 5 утоқ, толори хониш барои 27 нафар ва толори фарҳангӣ барои 170 ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар маросими ифтиттоҳи Марказ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар иброз намуд, ки: «Ин иқдом идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба рушди фарҳанг, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ равона гардида, он минбаъд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифат, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангии ноҳияи Ҷайҳун саҳми арзанда хоҳад гузошт».
Бояд тазаккур дод, ки фонди Китобхонаи маркази фарҳангӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мукаммал гардонида шуда, Маркази фарҳангӣ минбаъд ҳамчун маркази донишу маърифат ва баргузории консерту чорабиниҳои фарҳангӣ ба аҳолӣ хизматрасонӣ хоҳад намуд.