Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷ пайваста густариш меёбанд, ки онҳо баҳри пешрафту муаррифии фарҳангу ҳунари Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор мегузоранд.
Дар ин доира баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки баҳри тақвияти муносибатҳои фарҳангӣ мусоидат намуданд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарду кишвари дӯст маҳсуб меёбанд.
Тибқи барнома рӯзи 2 декабри соли 2025 Рӯзҳои фарҳанг, мулоқоти роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати расмии ҷониби Хитой оғоз гардида, шоми имрӯз ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад.
Дар идомаи баргузории Рӯзҳо 4 декабр барномаи консертии меҳмонон дар шаҳри Бохтар доир мегардад.
Ҳамчунин, ташкили дарсҳои маҳорат дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, боздиди меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи милили Тоҷикистон ва дигар мавзеҳои тамошобоб дар назар аст.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон