ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 11 марти соли 2025, № 165, ш. Душанбе
Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 марти соли 2025, №165
Тарифҳои неруи барқ барои истифодабарандагон
| №
р/т |
Гурӯҳҳои истифодабарандагон | Тариф ба 1 кВт. соат бо дирам |
| 1. | Барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ | 80,90 |
| 2. | Барои истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаи коммуналӣ, иншооти варзишӣ, нақбҳои нақлиётӣ ва нақлиёти барқӣ (автобус ва троллейбус) | 35,36 |
| 3. | Барои насосҳои қубурҳои об ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, коргоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– аз 1 апрел то 30 сентябр – аз 1 октябр то 31 март |
12,27 35,36 |
| 4. | Барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ | 12,27 |
| 5. | Барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва хатти ташноб | 16,81 |
| 6. | Барои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷикистон»:
– аз 1 май то 30 сентябр – аз 1 октябр то 30 апрел |
14,19 80,90 |
| 7. | Барои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» | 20,77 |
| 8. | Барои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» | 35,36 |
| 9. | Барои корхонаҳои нассоҷии коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ | 40,45 |
| 10. | Барои муассисаҳои таълимӣ, гимназияҳои шахсӣ ва литсейҳое, ки ба системаи ягонаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд ва ба маблағгузории буҷетӣ буҷетӣ мансуб намебошанд; боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои дигари кӯдакона, ки ба сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил нестанд ва аз буҷети сатҳҳои мухталиф маблағгузорӣ намешаванд |
60,70 |
| 11. | Барои аҳолӣ | 35,36 |
Эзоҳ:
1. Тарифҳо, ба истиснои аҳолӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ва насосҳои қубурҳои об ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, коргоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва хатти ташноб бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда шудаанд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 марти соли 2025, №165
Тарифҳои неруи барқ барои истеҳсол ва интиқол
| №
р/т |
Корхонаҳои истеҳсол ва интиқол | Тариф ба 1 кВт. соат бо дирам |
| 1. | Тариф барои истеҳсоли неруи барқ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» интиқол дода мешавад | 16,37 |
| 2. | Тариф барои интиқоли неруи барқ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» интиқол дода мешавад | 3,57 |
Эзоҳ:
– тарифҳои мазкур бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муайян карда шудаанд;
– андозбандии тарифҳои мазкур тибқи қонунгузории андоз ба роҳ монда шавад;
– хизматрасонӣ оид ба содироти неруи барқ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва содиркунандагони дигари неруи барқ тибқи банди 2 Замимаи 2 қарори мазкур ба роҳ монда шавад;
– Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» фаъолияти худро мутобиқи Замимаи 1 қарори мазкур ба роҳ монад.
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 марти соли 2025, №165
Тарифҳои неруи гармӣ барои истифодабарандагон
| №
р/т |
Гурӯҳҳои истифодабарандагон | Тариф ба 1 Гкал. бо сомонӣ |
| 1. | Барои муассисаҳо ва мақомоти идоракуние, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд | 148 |
| 2. | Барои Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе | 25,50 |
| 3. | Барои ҳамаи истифодабарандагони боқимонда
|
170,20 |