ш.Душанбе. 16.05.2025. Имрӯз даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» дар соли 2024 ҷамъбаст гардид.
Озмун дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе
аз 17 январи соли 2022, №8 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Беҳтаринтарабхонаи шаҳри Душанбе» бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Дар асоси Низомномаи озмун масъалаи тарроҳӣ ва тозагии тарабхонаҳо, талабот ба ороиш додани таомнома (меню) ва нархнома бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, мавҷудияти таомҳои хоси тарабхона, сифати хӯрокҳои тайёрнамудаи ошпазон, мавҷудияти либосҳои махсуси фирмавии пешхизматон, ошпазон ва менеҷерон,
муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст карда шуд.
Дар натиҷаи баҳодиҳиитарабхонаҳо аз ҷониби аъзои комиссияи шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» дар соли 2024 ғолибон аз рӯи номинатсияҳо чунин муайян гардиданд:
- аз рӯи номинатсияи беҳтарин тарабхонаи шаҳриДушанбе - тарабхонаи «Латина»;
- аз рӯи номинатсияи
беҳтарин ошпаз – Юнусова Муқаддас, тарабхонаи «Баҳор - форел»;
- аз рӯи номинатсияибеҳтарин пешхизмат – Бойбутаев Шуҳрат, тарабхонаи «Бухоро»;
- аз рӯи номинатсияи беҳтарин менеҷер – Ҷалолов
Тоҷиддин Муҳриддинович, тарабхонаи «Яккасарой - оилавӣ»;
- аз рӯи номинатсияибеҳтарин хӯроки хоси тарабхона - хӯроки хоси тарабхонаи «Кохи Парфенон» – бо номи «Моҳии форел».
Ҳамзамон, ба тарабхонаҳо ва шахсоне, ки барои ташкил ва баргузорииозмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» дар соли 2024 саҳми худро гузоштанд, бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.