Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Ҳайати Мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи минбаъда баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим, муовинони Директори Агентӣ, кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳои зертобеъи Агентӣ иштирок намуданд.
Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини Директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуданд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар нимсолаи аввали соли 2026 ҷиҳати иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини истифодабарандагон бо оби обёрӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро анҷом додааст.
Номбурда иброз доштанд, ки рушди бемайлони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, ки солҳои охир ба назар мерасад, ин бевосита шаҳодати дастгириҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад.
Албатта, ин дастгирӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат ҳар яки мо кормандони соҳаро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар меҳнат кунем ва он нақшаю уҳдадориҳое, ки дар назди худ гузоштаем бо сарбаландӣ таъмин намуда, соҳаро ба муваффақияту дастовардҳои наҷиб ноил гардонида, хизматрасониҳоро ба аҳолии мамлакат хубтару беҳтар ба роҳ монем.
Қайд гардид, ки соли 2026 барои ҳар як сокини мамлакат соли махсус ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи муҳими умумимиллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 – ро “ Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон доштанд. Ин дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки бо руҳияи баланди Ватандорӣ ва бо ҳувияти баланди миллӣ меҳнат намуда, дар ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон саҳми боарзиш гузорем ва 35 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо корҳои шоистаю наҷибона ва меҳнати софдилона истиқбол намоем.