Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳа: Азнавсозии низомҳои обёрӣ Номи қарордод: Қарордоди № ЗК-Р-1 оид ба хариди корњо љињати барќарорсозии дафтари Шӯъбаи татбиқи Лоиҳа (ШТЛ) дар ш. Хуљанд вилояти Суѓд Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд —…
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳа: Азнавсозии низомҳои обёрӣ
Номи қарордод: Қарордоди № ЗК-Р-1 оид ба хариди корњо љињати барќарорсозии дафтари Шӯъбаи татбиқи Лоиҳа (ШТЛ) дар ш. Хуљанд вилояти Суѓд Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — «Қабулкунанда») барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» (минбаъд — «Лоиҳа») тибқи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди Авруосиёии мӯътадилгардонӣ ва рушд (минбаъд — «ФАМР») қарзи сармоягузорӣ гирифтааст ва ният дорад, ки як қисми ин маблағҳоро барои хариди корњо љињати барќарорсозии дафтари Шӯъбаи татбиқи Лоиҳа (минбаъд — «ШТЛ») дар ш. Хуљанд вилояти Суѓд истифода намояд.
- Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ»-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД «САМ» назди АБЗО), ки ҳамчун Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа (минбаъд — «Фармоишгар») амал менамояд, бо ин Шуморо барои ирсоли пешнињоди нархнома (минбаъд — «Котировка») ҷиҳати таъмири дафтари «ШТЛ» даъват менамояд.
- Хариди Молҳо тибқи усули Дархости нархномаҳо мутобиқи Сиёсати харид барои лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди Авруосиёии мӯътадилгардонӣ ва рушд (минбаъд — «Сиёсат») маблағгузорӣ мешаванд ва инчунин мутобиқи Тартиби гузаронидани харидҳои Фонди Авруосиёии мӯътадилгардонӣ ва рушд (минбаъд — «Тартибот»), ки моҳи ноябри соли 2018 тасдиқ шудаанд, анҷом дода мешавад. Матни мазкур дар сомонаи расмии ФАМР дар шабакаи интернет ҷойгир буда, барои ҳамаи пудратчиёне, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, кушода мебошанд.
Шахсони манфиатдор метавонанд ҳуҷҷатҳои харидро бо забони русӣ тибқи дархости хаттӣ аз рӯи нишонии дар поён зикршуда дастрас намоянд.
- Нархномаи Шумо бояд на дертар аз 6 июли соли 2026, соати 17:00, ба нишонии дар поён зикршуда пешниҳод карда шавад:
Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1
Телефон: +992 235 15 83
Почтаи электронӣ: project_alri-efsd@mail.ru
Шахси масъул: Умедҷон Юлдошев