Лоиҳаи Беҳтар кардани идоракунии захираҳои оби вилояти Хатлон аз ҷониби Фонди Ҳамбастагии Исломӣ оид ба Рушд (ISFD), Хазинаи ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ (OFID), Фонди Саудии Рушд (SFD) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд "Лоиҳа") маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа тавассути Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” назорат ва амалӣ мешавад.
Ҳадафи лоиҳа беҳтар кардани зиндагии аҳолии деҳот тавассути беҳтар кардани идоракунии захираҳои об бо назардошти устуворӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим мебошад. Ин ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ оварда мерасонад.
Барои ин мақсадҳо, ҷалби мутахасси зерин ба нақша гирифта шудааст:
Мутахассис мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
Сармуҳандис, ҷои кор: ш. Душанбе.
Талаботи тахассусӣ:
Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро дар суроғаи зер дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 17:00 (вақти маҳаллӣ) то 30 июни соли 2026 дастрас кунанд. Барои иштирок дар озмун, шахсони ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба МТЛ пешниҳод кунанд: ариза барои иштирок дар озмун, шарҳи фаъолияти корӣ (резюме) бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилот, нусхаҳои шиноснома ва дафтарчаи меҳнатӣ, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақа, тавсияҳо бо нишон додани маълумоти тамос ва вазифа ва ғайра. Ҳуҷҷатҳо бояд ба суроғаи зерини электронӣ фиристода шаванд: piu_dvip@mail.ru ё дар шакли чопӣ дар лифофаи маҳкамшуда то соати 17:00 (вақти маҳаллӣ) 3 июни соли 2026 ба суроғаи зерин ирсол намоянд:
Раҳматзода М., Роҳбари МТЛ
Лоиҳаи Беҳтар кардани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон
Сӯроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 10, ошёнаи 3.