Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва самтҳои асосии фаъолияти он барои соли 2026 дар толори Агентии беҳдоҳти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Муовини якуми Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Хуршед Зариф, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим, муовинони Директори Агентӣ, кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳои зертобеъи Агентӣ иштирок намуданд.
Сараввал, рӯзномаи ҷаласа тасдиқ гардида, сипас Муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Баҳрулло оид ба натиҷаҳои ба даст овардаи ташкилотҳои зертобеъи Агентӣ дар соли 2025 ҳисобот дод.
Номбурда иброз доштанд, ки рушди бемайлони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, ки солҳои охир ба назар мерасад, ин бевосита шаҳодати дастгириҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад.
Албатта, ин дастгирӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат ҳар яки мо кормандони соҳаро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар меҳнат кунем ва он нақшаю уҳдадориҳое, ки дар назди худ гузоштаем бо сарбаландӣ таъмин намуда, соҳаро ба муваффақияту дастовардҳои наҷиб ноил гардонида, хизматрасониҳоро ба аҳолии мамлакат хубтару беҳтар ба роҳ монем.
Қайд гардид, ки соли 2026 барои ҳар як сокини мамлакат соли махсус ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи муҳими умумимиллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 – ро “ Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон доштанд. Ин дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки бо руҳияи баланди Ватандорӣ ва бо ҳувияти баланди миллӣ меҳнат намуда, дар ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон саҳми боарзиш гузорем ва 35 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо корҳои шоистаю наҷибона ва меҳнати софдилона истиқбол намоем.