Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
6 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Комиссия мазкур дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ аз 13 марти соли 2025 бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти истифодаи оқилона ва идоракунии муштараки захираҳои обӣ таъсис дода шудааст.
Ҳайати Тоҷикистонро Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода ва ҳайати ҷониби Қирғизистонро — Муовини вазир - Директори Хадамоти захираҳои оби Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон Алмаз Жээналиев роҳбарӣ намуданд. Дар ҷаласа инчунин намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи хоҷагии об баррасӣ карданд. Иштирокдорони ҷаласа раванди татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ аз 13 марти соли 2025 ба имзо расидааст, муҳокима намуда, омодагии худро барои иҷрои минбаъдаи ӯҳдадориҳои пешбинишуда изҳор доштанд.
Дар Ҷаласаи мазкур ҳамзамон, Низомномаи Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ гардид, ки механизми ҳамкорӣ, тартиби қабули қарорҳо ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштаракро дар самти идоракунии захираҳои обии дуҷониба муайян менамояд. Ин санад як қадами муҳим дар роҳи низомсозии ҳамкорӣ байни мақомоти ваколатдори ҳар ду кишвар гардид.
Инчунин масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои азнавсозии иншоотҳои гидротехникӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои обкашии наздисарҳадии хар ду кишвар, дар доираи лоиҳаи минтақавии Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.
Ташкили Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози фаъолияти он марҳилаи нави ҳамкории устувори байни ду кишварро боз менамояд, ки ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ, азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтор ва таъмини амнияти обии минтақавӣ дар раванди таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.