Дар асоси дастуру супоришҳо бо мақсади ба таври шоиста истиқбол
намудани ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси навбатии мамлакат дар бораи
таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ва нишон додани эҳсоси баланди ҷомеа дар
Агентӣ санаи 26-муи июни соли 2026 бо иштироки аъзоёни ҳизбии ташкилоти
ибтидоии ҲХДТ, роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону
кормандони ташкилоту муассисаҳои зертобеъ ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамомади мазкур доир ба обрӯву эътибори мамлакатамон дар арсаи
ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ, дастгирию ташаббусҳои кишвар аз ҷониби ҷомеаи
ҷаҳонӣ дар бобати Қатъномаи маҷмааи умумии Созмони миллали муттаҳид дар
бораи “Даҳсолаи байнилмиллалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои
2027-2036” ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баромаду суханрониҳо ҷараён гирифт.