Санаи 29 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохури бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.
Паёми Президент яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарини сиёсӣ ва давлатӣ ба шумор меравад. Дар он натиҷаҳои рушди мамлакат таҳлил гардида, вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии давлат барои солҳои минбаъда муайян карда мешаванд. Паёми навбатии Президенти мамлакат низ масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фаро гирифт.
Дар Паёми худ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии давлат таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо ба рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ ва инфрасохтори кишвар диққати махсус дода шуд.
Барои амалӣ гардидани ҳадафҳои самти соҳа айни ҳол дар агентӣ 5 Барномаи давлатӣ мавриди амал қарор дорпад, ки амалӣ гардидани он барои азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиш берунмонда, беҳтар намудани ҳолати мелиоратвии заминҳо, корҳо соҳилмустаҳкамкунӣ, ба таҷҳизотҳои муосиру каммасраф таъмин намудани пойгоҳҳои обкашӣ, рушди беҳдошти замин ва обёрӣ ва амалӣ гардидани барномаҳо ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими Паём рушди иқтисоди миллӣ буд. Пешвои миллат қайд карданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии давлат боқӣ мемонад. Дар ин самт сохтмони корхонаҳои нав, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дорад. Ин тадбирҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва паст гардидани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунанд.
Дар Паём ба масъалаи энергетика низ таваҷҷуҳи зиёд дода шуд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва истифодаи самараноки онҳо барои рушди иқтисоди кишвар аҳамияти калон дорад. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи муҳим мегузорад.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат арзёбӣ гардид. Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, барои рушди муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таҳсил тадбирҳои нав пешниҳод гардиданд.
Дар Паём масъалаи тандурустӣ низ ҷойгоҳи муҳим дошт. Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, сохтмони беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ, инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисос чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Инчунин дар Паём ба масъалаҳои ҷавонон, занон ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд донишманд, ватандӯст ва фаъол бошанд. Давлат барои дастгирии ҷавонон, рушди истеъдодҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав тадбирҳои гуногун меандешад.
Президенти кишвар ҳамчунин масъалаи ҳифзи амният ва сулҳу суботро хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Давлати мо сиёсати дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро бо дигар кишварҳо идома медиҳад.
Дар Паём масъалаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ низ зикр гардид. Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, кам шудани захираҳои об ва мушкилоти экологӣ, Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро дар соҳаи обу иқлим дастгирӣ менамояд.
Ҳамагон шоҳиди он будем, ки санаи 25-28 майи соли ҷорӣ Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаибайналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” буд, ки дар он зиёда аз 2500 меҳмонон аз 110 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.
Дар паёми навбатӣ чи хеле ба ҳамагон маълум аст, дастовардҳои кишвари азизамон дар солҳои охир мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Қайд карда шуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо пеш аз ҳама натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Соли 2026 барои мо соли таърихӣ- ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ҳар яки мо, алалхусус ҷавонон бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлат ва ободии ватани азизи худ корҳои некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳем.
Соли 2026-Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвиму таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шуд.
Бо мақсади таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гаридаанд, Нақша чорабиниҳои АБЗ ва О нҲҶТ таҳия ва бо фармоиши Директори Агентӣ аз 26.01.2026, №7 тасдиқ карда шудааст. Он аз 12 банд буда, роҳбарони идораҳои зертобеъ низ вазифадор карда шудаанд.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 барномаи муҳими рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Он барои ҳар як шаҳрванди кишвар роҳнамои фаъолияти минбаъда мебошад. Мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ таҳсил намуда, барои пешрафт ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.