Тибқи талаботи боби 4, банди 29 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби ҳаёт” - и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Зуҳурзода Баҳрулло - муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуев Меҳробназар - мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино аъзоёни ҳизб маҷлиси умумӣ багузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин:
мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идома, Абдуев Меҳробназар - мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ибрози андеша намуда, даъват ба амал овард, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати ҳаракати аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешанд.