Маълумот дар бораи аспирант Наимов Дустмурод Абдушукурович
Диссертатсияи Наимов Дустмурод Абдушукурович дар мавзӯи «Хусусиятҳои агробиологии навъҳои мавизию кишмишӣ ва дурнамои онҳо дар Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.05 – селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ вобастагӣ дорад.
Таҳқиқотҳо давоми солҳои 2016-2018 дар шуъбаи технологияи иноватсионӣ токпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ иҷро шудааст.
Наимов Дустмурод Абдушукурович соли 2003 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аз рӯйи ихтисоси маркетинг дар комплекси агросаноатӣ дохил шуда, соли 2008 донишгоҳи мазкурро хатм намудааст.
Соли 2016 ба зинаи аспирантура аз рӯйи ихтисоси 06.01.01 – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ дохил шуда, соли 2018 хатм намудааст.
Роҳбари илмии аспирант – Қаландаров Р.Ю. номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмии шуъбаи технологияи инноватсионии токпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ мебошад.
Диссертатсия дар ҳаҷми 134 саҳифа таҳия гардида, аз 4 боб, муқаддима, таҳлили адабиёт, хулоса ва пешниҳодҳо ба истеҳсолот, иборат буда, рӯйхати адабиёт 137 номгӯй, аз он ҷумла 10-тоаш муаллифони хориҷиро дар бар мегирад.
Дар доираи мавзуъ 9 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла 4 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 мақолаҳои дигар дар маводҳои конференсияҳо ба нашр расонида шудаанд.
Муқарризон
Назиров Ҳ.Н. – ходими пешбари илмии шуъбаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, д.и.к.
Қаландаров А.Ф. – мудири кафедраи меваю сабзавотпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, н.и.к