Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Бо дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании кишвар чун соҳаҳои дигар, сол аз сол рушди тоза ёфта, ба хотири хизмати шоиста ба мардум аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи авиатсияи кишвар тадбирҳои муассиру муфид андешида шуда истодааст.
Корҳои анҷомёфта ҷиҳати рушди соҳа
Солҳои 2025-2026 барои тамоми кормандони соҳаи авиатсияи кишвар солҳои муҳими таърихӣ ва пур аз масъулият ба ҳисоб меравад. Зеро муддати ду сол мешавад, ки соҳаи авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷиши Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ - ИКАО гузашта истодааст.
Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати баланд бардоштани обрӯю нуфузи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дар сатҳи зарурӣ анҷом додани санҷиши ИКАО аз ҳисоби мутахассисони дастгоҳи марказии Агентии авиатсияи гражданӣ, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ гуруҳҳои корӣ аз рӯи 8 самт таъсис додааст, ки то ба имрӯз кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар моҳи ноябри соли 2026 низ аз ҷониби ИКАО дар Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ санҷиш дар самти бехатарии авиатсионӣ гузаронида мешавад.
Рӯйдоди муҳими дигари соҳаи авиатсияи кишварамон дар он аст, ки аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои раиси Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ намуд. Муҳлати раёсати авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ мӯҳлати се солро ташкил медиҳад.
Санаи 9 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) баргузор гардид, ки ин руйдод барои соҳаи аватсияи кишварамон муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар семоҳаи аввали соли 2026 Агентии авиатсияи гражданӣ ба ошёнаҳои якум ва дуюми собиқ бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ки ҷиҳати бо шароити кории хуб муҳайё гардидани колективи кормандони Агентӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён менамоем.
Сафарҳои хизматии мутахассисон
Дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар кормандони Агентӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла 1 нафар ҷиҳати иштирок Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба Шоҳигарии Марокаш, 1 ҷиҳати эътирофи Маркази таълимии авиатсионии "Czech Aviation Traning Centre, s.r.o"-и ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия, 1 нафар ҷиҳати эътирофи Маркази таълимии авиатсионии "Центр подготовки персонала" ба шаҳри Тюмени Федератсияи Россия, 2 нафар ҷиҳати эътирофи Маркази таълимии авиатсионии “Turkish TCN” ба шаҳри Истанбул Ҷумҳурии Туркия, 4 нафар иштирок дар семинари омӯзишӣ оиди баланд бардоштани сатҳи малакаи идоракунӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ барои кишварҳои ҳавзаи “Як камарбанд як роҳ” ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 2 нафар ҷиҳати иштирок дар комиссияи кории оид ба аэронавигатсия (МАК) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия, 2 нафар ҷиҳати иштирок дар намоиши Фурудгоҳи Кутаиси ба шаҳри Тифлиси Гурҷистон, 1 нафар ҷиҳати эътирофи Маркази таълимии авиатсионии “Turkish TCN” ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, 1 нафар ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи гражданӣ ба шаҳри Кастеланета Апулияи Ҷумҳурии Италия ва 2 нафар ҷиҳати эътирофи Маркази таълимии авиатсионии "SCAT" ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар карда шуданд.
26 январи соли 2026 дар бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми директори генералии Ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои «COMAC» Лян Тсюмин ва роҳбарияти Ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» Чжу Юйлун бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои харидории ҳавопаймоҳои истеҳсоли ширкати «COMAC», инчунин имкониятҳои кушодани хатсайрҳои нави ҳавоиро ба шаҳрҳои дигари Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Санаи 15 майи соли 2026 бо даъвати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохурии Директори Агентии авиатсияи гражданӣ бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани парвозҳо байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳо, ҳамзамон кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро муҳокима намуданд.
Баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ бо 31 кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидааст, ки аз онҳо 10 кишвари ИДМ (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон), 8 кишвари Иттиҳоди Аврупо (Британияи Кабир, Фаронса, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия) ва 13 кишвари Осиё (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Амроти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Қувайт, Корея ва Салтанати Умон) иборат мебошанд.
Айни замон, лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Маҷористон, Сингапур, Миср, Кипр ва Литва дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.
Санаи 15 майи соли 2026 “Ёддошти тафоҳуми байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ” ба имзо расид.
Санаи 19 июни соли 2026 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон “оид ба алоқаи ҳавоӣ» дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо
Дар давраи нимсолаи якуми соли 2026 парвозҳо ба 14 кишварҳои хориҷии дуру наздик – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Гурҷистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Давлати Қувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Олмон ба роҳ монда шудааст,
Давраи ҳисоботӣ мавсимҳои “Зимистон 2025-2026” ва “Тобистон-2026”-ро дар бар гирифта, дар ин марҳила лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами мустақими 19 ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ (аз ҷумла: 2 ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ – ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”, 4 ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия – “Уральские авиалинии”, “Северный Ветер”, “Сибирь”, “ЮТэйр” ва 13 дигар ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ – “China Southern Airlines”, “Chengdu Airlines”, “Loong Airlines”, “Varesh Airlines”, “Raymon Airways”, “Kish Air”, “Uzbekistan Airways”, “Centrum Air”, “AZAL”, “Air Astana”, “Jazeera Airways”, “Fly Dubai”, “Turkish Airlines” тасдиқ гардидааст.
Ба ҳолати пешниҳоди ҳисоботи ҷамъбастӣ парвозҳои мунтазам бо шумораи умумии 275 парвоз дар як ҳафта (аз ҷумла: 72 парвози ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, 159 парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия, 44 парвозҳои дигар ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар як ҳафта) ба 57 самт (аз ҷумла дар: 5 самти маҳаллӣ, 32 самти Федератсия Россия ва 20 самт ба дигар кишварҳои хориҷӣ), ки дар асоси таъиноти мунтазам иҷроиши парвозҳоро аз/ба 4 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва 5 фурудгоҳи маҳаллии Хоруғ, Панҷакент, Кӯлоб, Рашт, Ховалинг, Ванҷ ба нақша гирифта шудааст, тасдиқ гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии “Raymon Airways”, “Kish Air”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Jazeera Airways”-и Давлати Қувайт, инчунин аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” дар самтҳои маҳаллии Душанбе – Панҷакент, Душанбе – Кӯлоб, Душанбе – Рашт ва Душанбе – Ванҷ амалӣ нагардида истодааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 ва мавсими ҷорӣ ҷадвали парвозҳои мунтазами ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр дар 20 самти байналмилалӣ, ба 10 кишварҳои хориҷи дуру наздик (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Олмон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин), бо зичии 61 парвоз дар як ҳафта тасдиқ гардидааст, ки дар асоси таъинот мунтазам парвозҳоро аз/ба фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд иҷро менамояд.
Инчунин, дар ин давра лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба 9 кишвари хориҷи дуру наздик (Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қувайт, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин), ки дар асоси таъинот мунтазам парвозҳоро аз/ба фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар иҷро менамоянд, бо зичии зиёда аз 203 парвоз дар як ҳафта тасдиқ карда шуд.
Ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ
Дар давраи ҳисоботӣ аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва 17 ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ аз ҷумла, “Уральские авиалинии”, “Северный ветер”, “ЮТэйр” ва “Сибирь”-и Федератсияи Россия, “Air Astana”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “Uzbekistan airways” ва “Centrum Air”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, “Flydubai”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, “AZAL”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, “Turkish Airlines”-и Ҷумҳурии Туркия, “Varesh Airlines”, “Raymon Airways”, “Kish Air” -и Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Jazeera Airways”-и Давлати Қувайт, “China Southern Airlines”, “Chengdu Airlines” ва “Loong Airlines”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мунтазамро иҷро намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давра тибқи маълумоти мавҷуда, шумораи кормандони воқеии корхонаҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ 3615 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора, дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 1467 нафар, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 730 нафар, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 241 нафар, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” 146 нафар, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” 487 нафар ва дар ҶСК “Тоҷик Эйр” 84 нафарро ташкил менамояд ва дар ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” 460 нафар фаъолият менамоянд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба 1 млн 562 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 ҳазору 298 мусофир ё 8% зиёд мебошад. Дар ин давра фурудгоҳҳои кишвар 5 ҳазору 760 хатсайр анҷом дода шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 хатсайр кам мебошад.
Ҷадвали 1. Ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар нисолаи якуми соли 2026
|
№ |
Корхонаҳои авиатсионӣ |
Теъдоди хатсайр (адад) |
Хизматрасонӣ ба мусофирон (млн. ҳаз. нафар) |
Интиқоли бор ва почта (тонна) |
|
1 |
ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" |
4475 |
1170,7 |
1364,9 |
|
2 |
ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" |
1080 |
327,8 |
61,6 |
|
3 |
ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" |
110 |
35,5 |
- |
|
4 |
ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар" |
95 |
28 |
- |
|
ҳамагӣ: фурудгоҳҳои байналмилалӣ
|
5760 |
1562 |
1426,5 |
|
|
1 |
ҶДММ ШҲ "Сомон Эйр" |
1928 |
595,2 |
548 |
ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нимсолаи якуми соли 2026 ба 1 млн 170 ҳазору 737 мусофир хизмат расонидааст, ки аз ин шумора 579 ҳазору 39 нафар мусофирони омад ва 591 ҳазору 698 нафарашро мусофирони рафта ташкил медиҳад, мусофирони нимсолаи якуми соли 2026 нисбат ба мусофирони ҳамин давраи соли гузашта 132 ҳазору 227 мусофир, ё 13% зиёд мебошад.
Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” қабул ва интиқолдодашуда, дар нимсолаи якуми соли 2026 – 1365 тоннаро ташкил дод, ки аз ин шумора 207 тонна бори содиротӣ ва 1158 тоннаро бори воридотӣ ташкил медиҳад, ки борҳои нимсолаи якуми соли 2026 нисбат ба борҳои ҳамин давраи соли гузашта 373 тонна, ё 38% фоиз зиёд мебошад.
Парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби 18 ширкати ҳавопаймоӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла, 9 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Флай Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, “Туркиш Эйрлайнз”-и Ҷумҳурии Туркия, “Чайна Саузерн Эйрлайнз”, “Лонг Эйр”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, “Вориш Эйрлайнз”, “Раймон Эйр”, “Киш Эйр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Ҷазира Эйрвейз”-и Давлати Қувайт ва “АЗАЛ”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (“Ют Эйр”, “Уральские авиалинии”, “Северный ветер”, “Сибирь-S7”-и Федератсияи Россия, “Эйр Астана”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “Узбекистан Эйрвейс” ва “Сентрум Эйр”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва 2 ширкати ватании ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”ва ҶСК “Тоҷик Эйр” ба амал оварда мешавад.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда 4475 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 4161 адад хатсайрҳои доимӣ (мунтазам) ва 314 адад хатсайрҳои чартерӣ мебошад. Хатсайрҳои хизматрасонидашудаи нимсолаи якуми соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160 адад, ё 3,7 фоиз зиёд мебошад.
ҶСК “Тоҷик Эйр” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2026 бо якчанд хатсайрҳои дохилӣ оғоз намуд.
Аз ҷумла, хатсайри Душанбе- Кулоб, Душанбе- Панҷакент, Душанбе- Рашт, Душанбе-Ховалинг, Душанбе- Хоруғ анҷом дода, ки дар маҷмӯъ ба 1424 мусофир хизмат расонидааст, ки нисбати мусофирони ҳамин давраи соли гузашта 426 мусофир, ё 23% кам мебошад.
Дар ин давра ҶСК “Тоҷик Эйр” шумораи парвозҳои ҷуфтро ба 47 адад ба анҷом расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад, ё 25% кам мебошад.
Дар ҶСК “Тоҷик Эйр” ба њолати 30 июни соли 2026 аз рўи љадвали басту вазифањои корї шумораи кормандон 155 нафарро ташкил медињад, ки аз онњо 71 нафар корманд ба кор љалб карда шуда, 84 нафар корманд дар рухсатии бемузди мењнат, 10 нафар дар асоси шартномаи хизматрасонӣ фаъолият менамоянд.
Ба ҳолати 30 июни соли 2026 дар тавозуни ҶСК “Тоҷик Эйр” 9 адад ҳавопаймоҳҳо қарор доранд. Аз он ҷумла; 1 адад Ан-28 (EY-28736), Ан-28 (ЕY-28734), Ан-28 (ЕY-28921), 1 адад ҳавопаймои Ан-26 (ЕY-26658), 1 адад ҳавопаймоҳои Boeing 757-200 (EY-751), Boeing 737-300 (EY-444), Boein 737-500 (EY-577), Boeing 737-500 (EY-578) ва 1 адад ҳавопаймои МА60 (ЕY-201) мебошанд. Аз шумораи ҳавопаймоҳо 1 адад ҳавопаймои Ан-28 (EY-28736), коршоям буда муҳлати истифодабарии он ба як сол тамдид карда шуда, ва дигар ҳавопаймоҳо дар ҳолати корношоям қарор доранд.
КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар нимсолаи якуми соли 2026 ба 25 ҳазору 858 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат пешкаш намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401 адад, ё 1,5% кам мебошад.
Дар ин давра теъдоди парвозҳои транзитӣ 14 ҳазору 565 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 602 адад, ё 4% кам мебошад.
Қарзҳои дебитории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба ҳолати 30.06.2026 маблағи 31 млн 646 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96 млн 659 ҳазор сомонӣ, ё 75% кам мебошад.
Қарзҳои кредиторӣ бошад, 9 млн 547 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 млн 295 ҳазор сомонӣ, ё 43,3% кам мебошад.
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” дар нимсолаи якуми соли 2026 тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ, чартерӣ ва дохилӣ 595 ҳазору 230 мусофир интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 ҳазору 18 мусофир, ё 7% зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии мусофирони нимсолаи якуми соли 2026, 54 ҳазору 590 мусофир тавассути хатсайрҳои дохилӣ ва 540 ҳазору 640 мусофир тавассути хатсайрҳои байналмилалӣ сафар анҷом доданд.
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” дар нимсолаи якуми соли 2026 парвозҳои мунтазам ва транзитиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои Туркия, Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғиристон, Хитой, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, ва Ҷидда иҷро намуд, ки 56% интиқоли мусофиркашониро самти Федератсияи Россия ташкил мекунад.
Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 543 тонна бори тиҷоратӣ 5 тонна почта интиқол дода шудааст. Дар маҷмуъ борҳои нимсолаи якуми соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 тонна, ё 0,3% кам мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 1928 парвози ҷуфт анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 парвози ҷуфт, ё 0,7% зиёд мебошад.
Айни ҳол, пойгоҳи ҳавопаймоии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”-ро 2 адад ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-900, 4 адад ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-800, ташкил медиҳад. Ҳамчунин ширкат дар моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ ворид намудани 2 адад ҳавопаймоҳҳои Boeing MAX-и тавассути лизинг гирифташударо ба нақша дорад, ки ин ҳавопаймоҳҳо ба Ширкат имконияти кушодани самтҳои нав ва хатсайрҳои нисбатан дуртарро фароҳам меоварад.
Ширкат барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, корбарӣ ҷиҳати кушодани парвозҳо ба самти Лондон (Шоҳигарии Британияи Кабир), Риёз (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ) ва Сеул (Кореяи Ҷанубӣ) Пекин (Ҷумҳурии мардумии Чин) ва аз нав ба роҳнамоии самтҳои Тбилиси ва анталия давом дорад.
Вазифаҳо барои соли 2026
Барои боз ҳам рушду пешрафт ёфтани соҳаи авиатсияи гражданӣ ва беҳтар фаъолият намудани корхонаҳои авиатсионии кишвар зарур аст, ки корҳои зерин дар соли 2026 анҷом дода шаванд:
Агентии авиатсияи гражданӣ дар оянда низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди рақобатпазир барои фаъолияти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва бартараф намудани монеаҳои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷи дуру наздик ва вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ менамояд, ки нишондиҳандаҳои омории соҳавиро марҳила ба марҳила боз ҳам афзоиш диҳад.