Санаи 26 июни соли 2026 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо корхонаҳои авиатсионии кишвар бахшида ба 29 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036”, ҳамоиши сиёсӣ барпо намуданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар, кормандони фахрӣ-собиқадорони меҳнати соҳаи авиатсияи кишвар, намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло, директори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ, директори ҶСК “Тоҷик Эйр” Шодмонзода Парвиз, директори ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Шарифзода Зайнулло, директори ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” Валиев Абдулқосим, директори ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрланз” Аҳмадзода Зафар ва собиқадорони меҳнат суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда“ ба мардуми сарбаланди миллати тоҷик боз як туҳфаи таърихист бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ.
Қайд гардид, ки маҳз ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба марҳилаи рушди устувор ва созанда ворид гардид. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки сулҳу ваҳдат барои мардуми тоҷик на танҳо арзиши муҳими сиёсӣ, балки неъмати бузурги таърихӣ ва заминаи аслии пешрафти давлату ҷомеа мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу субот Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳои кишварамон ноил гардида, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидааст.
Таъкид гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандуст буда, бояд дар тарғибу ҳифзи арзишҳои сулҳу дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии миллӣ саҳмгузор бошанд.