Рӯзҳои 9–10 июни соли 2026 Директори Агентииавиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур дар ҷаласаидиректорони генералии авиатсияи гражданииминтақаҳои ИКАО (DGCA-2026), ки дар шаҳриКастелланета баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар кори ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣКотиби генералии Ташкилоти байналмилалииавиатсияи гражданӣ (ИКАО) Хуан Карлос Саласар, Директори Дафтари минтақавии Аврупо ваАтлантикаи Шимолии ИКАО Николас Ралло, инчунин роҳбарон ва намояндагони мақомотиавиатсияи граждании давлатҳои аъзои ИКАО иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таҳкими бехатари авиатсионӣ, татбиқистандартҳо ва тавсияҳои байналмилалии ИКАО, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, инчунин густаришихатсайрҳои ҳавоӣ ва рушди устувори соҳаиавиатсияи гражданӣ мавриди баррасӣ қароргирифтанд.
Дар ҳошияи чорабинӣ як қатор вохӯриҳои корӣ вамулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарон ва намояндагонимақомоти авиатсионии давлатҳои хориҷӣ баргузоргардиданд. Зимни музокирот масъалаҳои тавсеаиҳамкориҳои соҳавӣ, рушди робитаҳои мустақимиҳавоӣ, зиёд намудани шумораи парвозҳо, кушоданихатсайрҳои нави байналмилалӣ, инчунин ҷалбисармоягузорӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадамиҷаҳонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мавридимуҳокима ва табодули афкор қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин мулоқотумашваратҳо барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалбишарикони нави рушд ва фароҳам овардани заминаимусоид ҷиҳати пешрафти устувори соҳаи авиатсияиграждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосдорад.
Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки дар моҳҳои январ–феврали соли 2026 Ташкилотибайналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) санҷиши марбут ба бехатарии парвозҳоро дар соҳаиавиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳоихуб анҷом дода, дар идомаи ҳамкорӣ бо ташкилотимазкур, баргузории санҷиши навбатӣ дар самтибехатарии авиатсионӣ дар моҳи ноябри соли 2026 дар нақша гирифта шудааст.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои вохӯриҳо вамузокироти баргузоргардида ба рушди минбаъдаиҳамкориҳои байналмилалӣ, васеъ гардиданиҷуғрофияи парвозҳо, беҳтар шудани сатҳу сифатихизматрасонии авиатсионӣ, афзоиши имкониятҳоииқтисодиву сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеиҶумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонии авиатсияигражданӣ мусоидат намоянд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузорӣ