Санаи 22 майи 2026, ба ифтихори таҷлили сазовору бошукӯҳ аз ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон, ҳайати кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директори агентӣ Набизода Азиз Абдусамад бо мақсади шиносоӣ бо мероси ғании таърихию фарҳангии миллат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни сайри осорхонавӣ аз ҷониби роҳбаладони муассиса оид ба осори таърихию фарҳангии ниёгон, ёдгориҳои нодири бостоншиносӣ, ҳунару ҳунармандӣ, урфу одат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, иштирокчиён бо табиати нотакрори кишвар ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва криосфера шиносоӣ пайдо намуда, аз толорҳои «Асри санг», «Саразм», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиён», «Тахти Сангин», «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Аҷинатеппа», «Сомониён», «Мардумшиносӣ» ва «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дидан намуданд.